Кафедраҳои ҳарбӣ дар ҳамаи донишгоҳҳои Тоҷикистон барқарор мешавад?

Манзумаи Фирӯз, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё дар ҳамаи донишгоҳҳои Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ барқарор мешаванд. “Азия-Плюс” дурустии ин хабарро санҷид ва маълум кард, ки он “фейк” будааст.

Дар маълумоте, ки паҳн гардид, гуфта мешуд, баъди тағйиру иловаҳо ба қисми 4.1-и “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва давлатӣ” дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ барқарор карда мешавад.

Инчунин, хабар дода мешуд, ба шахсоне ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд, шаҳодатномаи ҳарбии рутбаи лейтинанти хурд дода мешавад.

Дар хабари мазкур илова мешуд, ки ҳамзамон дар қисми 4.2 қонун низ таъғирот ворид шудааст:  “яъне, шахсоне ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил наменамоянд, бо назардошти таҳсил дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба хидмати ҳарбӣ ба муҳлати шаш моҳ ҷалб карда шаванд”.

Дар пайи паҳн гардидани хабар байни мардум сару садоҳои зиёде ба вуҷуд омад, ки гурӯҳе хабари мазкурро воқеӣ гуфта, бархе “фейк” будани онро таъйид мекарданд.

Дар Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад.

Масъулини Вазорати мудофиа илова карданд, ки “ин масъала дар ҳукумати кишвар баррасӣ нашудааст ва ягон қарор низ дар ин маврид қабул нагардидааст, чун дар ҳолати пешниҳоди чунин масъала вазорат бояд огоҳ карда мешуд”.

Ҳамзамон, дар Вазорати маориф ва илми кишвар низ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки  аз қабули чунин як қарор огоҳ нестанд ва ин хабар эҳтимолан “фейк” аст.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм гуфт, ки “аз раванди қабули қарор бояд ба ин ниҳод мактуб меомад, вале чунин мактуб аз ҳукумати мамлакат ба Вазорати маориф ва илм ворид нашудааст”.

Далелсанҷӣ чиро собит кард?

Тавре factcheck.tj ҳам менависад, хабари мазкур аз чанд ҷиҳат шубҳаовар аст:

  1. Номи қонун хато навишта шуда, дар асл на “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ ва давлатӣ”, балки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ном дорад.
  2. Барои тағйирот ба қонуни мавриди назар “Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” не, балки дар парлумон қонуни алоҳида қабул карда мешавад.
  3. Баъд аз қабули қонунҳо Маҷлиси Олӣ ва рӯзномаи “Садои мардум”, ки нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар бораи онҳо хабар нашр мекунанд ва қонуни қабулшуда дар сомонаи Маркази миллии Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешавад. Вале ҳангоми ҷустуҷӯ дар ин сомонаҳо бо ҳамин мазмун хабаре нашр нашудааст.

Донишҷӯ кам шудааст

Бояд гуфт, ки ин мавзӯъ барои ҷавонон хеле ҳасос аст, аз ин рӯ, мавриди баҳсу баррасии амиқ қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди донишҷӯён, умдатан ҷавонон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Масъулин мегӯянд, ки ин ба он далел аст, ки хатмкунандагон дар донишгоҳҳои хориҷӣ бештар таҳсил мекунанд. Аммо коршиносон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро омили аслӣ меҳисобанд.

Коҳиши донишҷӯёнро Маркази миллии тестӣ низ тасдиқ намуда, иттилоъ дод, ки шумораи довталабон воқеан кам шудааст.

Аз шумораи умумии довталабон дар соли 2022 дар имтиҳонҳои дохилшавӣ 89% духтарон ва 78% писарон ширкат карданд.

Дар соли 2016 аз шумораи умумии иштирокчиёни ба қайд гирифташуда 94% духтарон ва 91% писарон дар имтиҳонҳо иштирок карданд.

Дар бораи фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва чӣ қадар кам шудани теъдоди донишҷӯён ва сабабҳои он дар ин матлаби таҳлилии “Азия-Плюс” маълумот гиред.

Ҳоло дар 9 донишгоҳи кишвар кафедраи ҳарбӣ фаъол аст

Бояд гуфт, айни замон дар 9 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафедраҳои (факултетҳои) ҳарбӣ фаъолият доранд:

  • Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ;
  • Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур;
  • Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон;
  • Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов;
  • Институти энергетикаи Точикистон;
  • Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Қаблан хатмкунандагони донишгоҳҳо се моҳ аз таълими ҳарбӣ гузашта ва дар анҷоми он рутбаи лейтенантро мегирифтанд.

Вале пас аз қабули таҳрири нави қонун “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар ибтидои соли 2021 хатмкунандагони донишгоҳҳо, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил кардаанд, низ ба хизмати ҳарбӣ хоҳанд рафт, вале на ду сол, балки ба муҳлати як сол адои хизмат мекунанд.

Инчунин, бар асоси ин тағйирот, дар кишвар хидмат барои сарбозони эҳтиётӣ дар Тоҷикистон – ба муҳлати як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян ҷорӣ шуд, ки ҳар як даъватшаванда барои адои хидмати ҳарбӣ 54 ҳазор сомонӣ (750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пардохт хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...