Муҳаммад Наимов пирӯз шуд. Ӯ Эрик Силваро дар 44 сония мағлуб кард

Муҳаммад Наимов, размикори тоҷики ММА дар рақобати навбатиаш дар UFC Эрик Силва, размикор аз Венесуеларо дар 44 сония мағлуб карда, пирӯзӣ ба даст овард. Ин пирӯзии сеюми размикори тоҷик дар ташкилоти бонуфузи UFC мебошад. Пас аз пирӯзӣ Наимов перомуни баромадҳояш дар ташкилоти бонуфузи UFC ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ки ҳозир аст бо панҷгонаи беҳтарин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Муҳаммад Наимов, размикори тоҷики ММА дар рақобати навбатиаш дар UFC Эрик Силва, размикор аз Венесуеларо дар 44 сония мағлуб карда, пирӯзӣ ба даст овард.

Ин пирӯзии сеюми размикори тоҷик дар ташкилоти бонуфузи UFC мебошад.

Пас аз пирӯзӣ Наимов перомуни баромадҳояш дар ташкилоти бонуфузи UFC ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ки ҳозир аст бо панҷгонаи беҳтарин размикорони бонуфузи UFC рақобат кунад.

“Ман тайёрам барои Tоп-15. Худи ҳозир. Топ-10, Топ-5… Ман боварӣ дорам, ки ҳозир метавонам бароям. Ман мехоҳам бо дилхоҳ размкоре биҷангам дар ин вазн!”, – гуфт Наимов.

Рақобати Fight Night 237 рӯзи 25-уми феврал дар шаҳри Мехико баргузор гашт.

Қаблан Муҳаммад Наимов дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Дабӣ бар размикори англис Натаниэл Вуд (20-6) ғалаба карда буд.

Дар рақобати дебютиаш бошад, Муҳаммад Наимов бар Ҷейми Малларки аз Австралия пирӯз шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Наимов 29 сол дорад ва дар корномаи варзишиаш дар намуди муҳорибаҳои омехта, 13 мубориза гузаронда, дар 11-тои он ғалаба кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.