Дар мусобиқаи UFC Наимов Вудро мағлуб намуда, Ғафуров аз Нурмагомедов шикаст хӯрд

Дар мусобиқаи ММА UFC-294 дар Абу-Даби размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов намояндаи Британияи Кабир Натаниэл Вудро мағлуб намуда, изҳор дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён нишон доданӣ аст, ки тоҷикон миллати пурқувватанд. Дар қувваозмоӣ бо Вуд Муҳаммад Наимов бо қарори якдилонаи ҳакамон ғолиб дониста шуд. Ин даҳумин ғалабаи Наимов дар қувваозмоиҳои касбӣ буда, Натаниэл Вуд ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи ММА UFC-294 дар Абу-Даби размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов намояндаи Британияи Кабир Натаниэл Вудро мағлуб намуда, изҳор дошт, ки ба тамоми ҷаҳониён нишон доданӣ аст, ки тоҷикон миллати пурқувватанд.

Дар қувваозмоӣ бо Вуд Муҳаммад Наимов бо қарори якдилонаи ҳакамон ғолиб дониста шуд.

Ин даҳумин ғалабаи Наимов дар қувваозмоиҳои касбӣ буда, Натаниэл Вуд ба бохти шашум дучор шуд.

Қобили зикр аст, ки барои Наимов ин қувваозмоии дуюм дар UFC аст: Муҳаммад дар ММА-промоушни бузург моҳи июн бори нахуст рақобат карда буд. Оз замон ӯ намояндаи Австралия Ҷейми Малларкиро бо нокаут мағлуб карда буд.

Гузориши мукаммали видеоии қувваозмоии Наимов ва Вудро бо суроғаи зерин метавон тамошо кард.

Пас аз қувваозмоӣ зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммад Наимов зикр кард, ки “ӯ муддати зиёд дар соҳаи варзиш қарор дорад”.

“Барои ман ҳариф душвор набуд. Ман бо ҳарифоне қувваозмоӣ карда будам, ки 10 баробар аз ӯ пурқуваттаранд. Дирӯз ҳолам бад буд, дафъаи оянда иншоаллоҳ, ҳамааш хуб мешавад.

Вақте мегӯянд, ки тоҷикон танҳо муҳоҷиронанд, ман меранҷам. Намефаҳманд, ки одамони бад ҳастанд, на миллатҳои бад. Исбот кардан мехоҳам, ки тоҷикон халқи пурқувватанд. Мо таърихи хеле қадима дорем. Ба тамоми ҷаҳон нишон доданиам, ки “Тоҷикистон” бояд пурифтихори садо диҳад!”.

Дар ҳамин мусобиқа боз як размикори тоҷик Муин Ғафуров қувваозмоӣ кард. Мутаассифона, ӯ дар рақобати асосӣ аз намояндаи Русия – Саид Нурмагомедов шикаст хӯрд. Рақобат пеш аз муҳлат дар раунди аввал ба охир расид. Нурмагомедов аз усули буғӣ кардан истифода бурда, маҷбур кард, ки Ғафуров таслим шавад.

Барои Ғафуров ин шашумин бохт дар 25 қувваозмоӣ аст. Аммо Ғафуров таслим шуданӣ нест ва ният дорад, ки минбаъд рӯйи камбудиҳояш кор кунад, то ки ба октагон баргардад.

Дар ҳамин ҳол, портали SPORTS.tj-и Тоҷикистон дар бораи гонорар ё худ мукофотпулиҳои размикорон хабар дод. Саид Нурмагомедов мувофиқи қарордод бо промоушен барои қувваозмоӣ 75 ҳазор доллар ва аз ҳисоби маблағҳои сарпарастон боз 25 ҳазор доллар пул кор кард. Ғафуров 24 ҳазор доллар ва 5 ҳазор доллар аз ҳисоби сарпарастон ба даст овард.

Тибқи фарзияи Sports Payouts, Муҳаммад Наимов 49 ҳазор доллар кор карда, аз чӣ қадар маблағ пардохт шудан аз ҳисоби сарпарастон хабар дода намешавад.

Маълумоти бештар муфассал дар бораи мукофотпулиҳои размикорон пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои UFC 294 нашр мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.