Зеленский бори аввал теъдоди кушташудагони ҷанги Русия ва Украинаро эълон кард

Владимир Зеленский, президенти Украина бори аввал талафоти нерӯҳои кишварашро дар ҷанг бо Русия эълон кард. Ӯ 25-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 31 ҳазор сарбози украинӣ ба ҳалокат расидаанд. Зеленский зикр кард, ки ин танҳо теъдоди сарбозони кушташуда аст. Аммо ӯ теъдоди сарбозони захмӣ ва бедаракшударо нагуфт. Ҳамчунин, ӯ дар бораи сокинони дар ин ҷанг […]

Asia-Plus

Владимир Зеленский, президенти Украина бори аввал талафоти нерӯҳои кишварашро дар ҷанг бо Русия эълон кард. Ӯ 25-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 31 ҳазор сарбози украинӣ ба ҳалокат расидаанд.

Зеленский зикр кард, ки ин танҳо теъдоди сарбозони кушташуда аст. Аммо ӯ теъдоди сарбозони захмӣ ва бедаракшударо нагуфт.

Ҳамчунин, ӯ дар бораи сокинони дар ин ҷанг кушташуда ҳам иттилоъ надод.

Ин дар ҳоле, ки қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, дар моҳи декабри соли 2023 гуфта буд, ки 383 ҳазор сарбозу афсари Украина кушта ва захмӣ шудаанд.

Владимир Зеленский зимни ин нишасти матбуотӣ талафоти Русияро дар ҷанг 500 ҳазор нафар баршумурд. Ба ин рӯйхати кушташудагон ва захмиён шомил мешаванд.

Маскав талафоти нерӯҳояшро дар алайҳи Украина бори охир моҳи сентябри соли 2022 наздики 6 ҳазор гуфта буд. Пас аз ин иттилои расмӣ ироа нашуд.

Як гурӯҳ аз рӯзноманигорони Медуза ва Медиазона тобистони соли 2023 натиҷаи таҳқиқоти худро нашр карданд. Дар он таъкид мешуд, ки теъдоди сарбозони кушташудаи Русия 47 ҳазор аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.