Арабистони Саудӣ муҷозотро барои иштироки ғайриқонунӣ дар Ҳаҷ-2024 сахттар мекунад

Мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони кишварро дар бораи муҷозоти имконпазир барои иштироки ғайриқонунӣ дар мавсими Ҳаҷ-2024 огоҳ карданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар сухан меравад. Дар изҳорот гуфта мешавад, шахсоне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Мақомоти Арабистони Саудӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва сокинони кишварро дар бораи муҷозоти имконпазир барои иштироки ғайриқонунӣ дар мавсими Ҳаҷ-2024 огоҳ карданд. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар сухан меравад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, шахсоне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон гиранд ва то 50 ҳазор риёл (зиёда аз 13,3 ҳазор доллар) ҷарима шаванд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки дар робита ба ин амал боздошт мешаванд, мавриди ихроҷ қарор гирифта, вурудашон ба кишвар ба муҳлати 10 сол манъ карда мешавад”, – омадааст дар изҳорот.

Ғайр аз ин, зойирин аз муҷозоти эҳтимолӣ барои иштирок дар “кумаки ғайриқонунии молиявӣ”огоҳ карда мешаванд. Барои ин то 7 сол ҳукми зиндон ва ҷарима то 5 млн риёли саудӣ пешбинӣ шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки имсол барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор квота ҷудо шудааст.

Арзиши сафари ҳаҷ ҳоло маълум нест, лекин қаблан он барои 1 нафар 59 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Оғози сафари ҳаҷ рӯзи 14 июн таъин шудааст.

Тавре ки аз Кумитаи дини ҷумҳурӣ хабар доданд, маблағи сафари ҳаҷ пас аз расидани рӯйхати хоҳишмандони адои ин маросим аз шаҳру навоҳӣ муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.