Қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон. Барфи чандрӯза кори комиссияи зимистонгузарониро ба ҳам зад?

Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми марти соли 2024, дар нахустин рӯзи фасли баҳор қариб дар ҳамаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар тамоми шаҳри Душанбе, интиқоли қувваи барқ якбора қатъ шуд. Мақомот сабаби қатъи сартосарии барқро дар кишвар ва махсусан дар пойтахт шарҳ надоданд. Вале як манбаи “Азия-Плюс” аз НБО “Норак” сабаби онро садама дар кори ин нерӯгоҳ унвон кард.

Қатъи сартосарии барқ дар пойтахт, ҳудудан 2 соат тӯл кашид. Соати тақрибан 13:40 барқ дар аксари маҳаллиҳои Душанбе барқарор шуд, аммо сари чанд вақт хомӯш мешавад. Дар минтақаҳо то ба ҳол барқ нест.

Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят карданд.

Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ ​​дар Хуҷанд ва бархе аз навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоят нерӯи барқ ​​танҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуд аст. ВМКБ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин аст. Дар Кӯлоб ҳам ба ғайр аз як кӯча дигар дар тамоми шаҳр барқ нест.

То вақти нашри мавод, ҳеҷ ниҳоди масъул, аз ҷумла Вазорати энерегетика ва захираҳои об, “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои тақсимоти барқи кишвар, аз ҷумла филиали ин ниҳод дар шаҳри Душанбе, ки масъули тақсимоти барқ дар кишваранд, сабаби қатъи барқро шарҳ надоданд.

Имрӯз, 1-уми март, як манбаъи “Азия-Плюс” аз НБО “Норак” гуфт, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар кори ин неругоҳ аст. Дар ҳоли ҳозир мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид ё рад кунем.

Вақте дирӯз, 29-уми феврал, сабаби қатъи барқро дар пойтахт пурсидем, як манбаъ аз шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе гуфт, сабаби қатъи барқ дар пойтахт ин ба таври назаррас кам шудани оби обанбори “Норак” аст.

Ӯ, ки баъди шарҳи масъала аз гуфтани ному насбаш худдорӣ кард, таъкид намуд, ки ҳадаф сарфи нерӯи барқ дар рӯзҳои оянда аст.

“Агар нерӯи барқро сарфа накунем, то 10-11-уми март оби обанбор “Норак” ба ҳадде поён мешавад, ки дигар имкони таъмини барқ дар тамоми кишвар намешавад. Аз ин рӯ, сарфа мекунем”, – гуфт манбаъи мо.

Вай тасдиқ кард, ки дар аксари минтақаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла маркази пойтахт чанд рӯзи охир барқ чанд соат қатъ шуд ва барқ дар пойтахт бо навбат ва аз рӯи реҷаи муайян қатъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба навбатдори Идораи барқи Душанбе навишт, ки “дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд”. Ин навбатдор ҳам гуфтааст, “сабаб кам будани об дар обанбори “Норак” аст”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аввали моҳи феврал масъулини нерӯгоҳи “Норак” гуфта буданд, ки об дар обанбор назар ба соли гузашта бештар аст.

Қатъи сартосарии барқ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла дар тамоми пойтахт дар ҳолест, ки тайи се рӯзи охир сокинони кишвар беш аз ҳаравақта аз маҳдудияти барқ шикоят доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир якбора ҳарорати ҳаво паст шуд ва сокинон, махсусан онҳое, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд, аз сард шудани хонаҳояшон шикоят доранд.

Субҳи дирӯз, 29-уми феврал, аҳолии маҳаллаҳои нисбатан дуртари пойтахт, мисли Зарафшон ва Гипрозем, маҳаллаи “Бадахшон” аз қатъи интиқоли барқ шикоят карданд. Онҳо бо нашри аксу наворҳо аз хонаҳояшон нигаронӣ мекунанд, ки қатъи барқ дар ин ҳавои сард боиси мушкили иҷтимоии онҳо гардидааст. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук ду рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст.

Дар пайи ин бархеҳо шикоят доранд, ки низоми гармидиҳӣ ҳам ба мушкил мувоҷеҳ шудааст ва бархеҳо аз қатъи гармӣ низ дар хонаҳояшон дар пайи хунукиҳои рӯзҳои охир шикоят мекунанд.

Дирӯз, 29-уми феврал, аз Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби қатъи барқро шарҳ надоданд. Аз ҷумла Бахтиёр Раҳматзода, муовини раиси шабакаҳои барқи пойтахт дар бахши техникӣ гуфт, ки инро танҳо раиси шабакаҳои барқи Душанбе ҳаққи шарҳ додан дорад ва ӯ дар робита ба ин чизе гуфта наметавонад. Ӯ бо ваъдаи маълум кардани вазъ ва дубора бо “Азия-Плюс” дар тамос баромадан тамосро қатъ кард.

Ба зангҳои пайдарпайи мо директори шабакаҳои тақсимоти барқии шаҳри Душанбе посух надод. Дар сурати шарҳи масъала омодаем онро нашр кунем.

Аз ин пештар ҳукумати шаҳри Турсунзода ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, бо истинод ба ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудиятҳо дар интиқоли барқро “ба поинравии сатҳи об дар обанбори Норак” шарҳ дода буд

“Тадбирҳои андешида муваққатианд, онҳо барои як давраи муайян пешбинӣ шуда, пас аз ба эътидол омадани вазъият, рӯзҳои наздик маҳдудиятҳои интиқоли барқ бекор мешаванд”, – таъкид месозанд муаллифони муроҷиат.

Ёдрас мекунем, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20-уми сентябри соли гузашта нерӯи барқ ​​бо маҳдудият интиқол дода мешавад. Мардум шабонарӯз ҳамагӣ 8-9 соат – субҳ 3 соат ва шаб 5-6 соат бо барқ таъмин мешаванд.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар ин робита изҳор намуд, ки муҳлати бекор шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.

“Теъдоди аҳолии кишвар босуръат зиёд ва сатҳии зиндагӣ беҳтар шуда, мутаносибан талабот ба барқ низ афзоиш меёбад”, – иброз дошт ӯ.

Раҳбарияти Вазорати энергетика низ сабаби маҳдудияти интиқоли барқро афзоиши босуръати иқтисоди кишвар ва тағйирёбии иқлим маънидод карда буданд.

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳаҷми боришот дар мавсими тирамоҳу зимистон дар муқоиса бо ҳамин давраи солҳои 2022-2023 қариб 95% кам шуд, ки ба маҷрои об дар дарёи Вахш таъсири манфӣ расонид. Иқтидорҳои асосии энергетикии кишвар дар ҳамин дарё сохта шудаанд.

Қатъи сартосарии барқ дар тамоми кишвар дар ҳолест, ки масъулин ва ё ба истилоҳ қомисияи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ҳамасола аз омодагии хуб ҳисобот медиҳад. Ниҳодҳои масъули тақсимоти барқу дигар хидматрасониҳои коммуналӣ ҳам ҳамеша аз омодагӣ барои гузаронидани зимистон мегуфтанд.

Аммо, чанд рӯзи сард собит намуд, ки масъулини дахлдори кишвар барои зимистонгузаронӣ омода набудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...