Байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Уфа хатсайри ҳавоӣ боз шуд

Аз 7 март ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines (Северный ветер) байни шаҳрҳои Уфа ва Хуҷанд хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа хабар медиҳад. Парвозҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе бо ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз соати 05:25 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Вақти парвоз ҳудуди 3 соатро […]

Аз 7 март ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines (Северный ветер) байни шаҳрҳои Уфа ва Хуҷанд хатсайри мустақими ҳавоӣ роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Уфа хабар медиҳад.

Парвозҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе бо ҳавопаймои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз соати 05:25 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Вақти парвоз ҳудуди 3 соатро дар бар мегирад.

Билетҳоро дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Nordwind Airlines ё аз нуқтаҳои фурӯши билети фурудгоҳ харидан мумкин аст.

Ба Тоҷикистон панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия – «Utair», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь S7» ва «Ямал» парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 88% аз ҳаҷми умумии парвозҳоро иҷро карда, боқимонда 12% ба ширкатҳои Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.