Қисме аз Тоҷикистон бе барқ монд. Мақомот шарҳ намедиҳанд

Имрӯз, 1 март, тахминан соати 11:10 дар қисми бештари Тоҷикистон якбора барқ қатъ шуд. Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармидиҳӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят доранд. Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як […]

Имрӯз, 1 март, тахминан соати 11:10 дар қисми бештари Тоҷикистон якбора барқ қатъ шуд.

Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармидиҳӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят доранд.

Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ ​​дар Хуҷанд ва бархе аз навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳанд.

Дар аксари манотиқи кишвар феълан сокинон нерӯи барқ ​​надоранд, аммо эҳтимол ин ба далели маҳдудияти қаблан ҷоришудаи барқ ​​бошад.

То ҷое медонем, дар миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоятӣ нерӯи барқ ​​танҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуд аст. ВМКБ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин аст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" то замони нашри ин хабар натавонист бо ниҳодҳои масъул, аз ҷумла "Барқи тоҷик", шабакаҳои барқи пойтахт ва шаҳрдорӣ дар тамос шавад, то сабаби қатъи барқро маълум намояд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъи «Азия-Плюс» аз Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар ин нерӯгоҳ аст. Дар ҳоли ҳозир мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид кунем.

Хабар такмил мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.