Барканорӣ ва таъини чанд директори пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо

Asia-Plus

Чанде аз директорони пажӯҳишгоҳ ё институтҳои илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Фармони барканориву таъини онҳоро  дирӯз, 29-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки сабаби барканории бархеи онҳо расидан ба синни нафақа ва қисме гузаштан ба кори дигар аст.

Аз ҷумла, бо сабаби ба нафақа баромадан Зарулло Раҳмонов, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи АМИТ аз вазифа озод шуданд.

Ба ҷои онҳо, Алишер Раҳимзода директори Институти математика ва Анвар Бӯризода директори Институти астрофизика таъин шуданд.

Файзалӣ Ҳакимов аз вазифаи директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский ва Ёрмаҳмад Ниёзӣ, аз вазифаи директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ озод шуданд.

Сабаби барканории онҳо гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст. Онҳо ба кадом вазифа таъин шудаанд, ҳоло маълум нест.

Нозим Маҳмадизода директори нави Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Дилшод Қадамзода директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Афзалшоҳ Зарифзода, директори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умаров ва Рустам Ҳайдарзода, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ таъин гардиданд.

Ҳамчунин, бо қарори дигари ҳукумати кишвар Илҳом Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод шудааст. Кӣ ба ҷои ӯ ректор таъин шудаст, ҳоло маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...