Баррасии масоили кадрҳо, геология ва Барномаи давлатии рушди оила дар ҷаласаи ҳукумат

Asia-Plus

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон раииси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои ҳукумат роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Сипас ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.

Ӯ хабар дод, ки Саридораи геология фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, дар асоси он омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро аз рӯи 56 лоиҳа дар иншооти корҳои минтақавӣ идома медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари иҷрои Барнома саридора дар давраи солҳои 2018-2023 корҳои шартномавиро низ аз рӯи зиёда аз 1200 лоиҳа ба маблағи 118,2 млн. сомонӣ иҷро намудааст.

Дар идомаи кори маҷлис як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи ҶТ “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонунҳо “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи чарогоҳ” муҳокима ва, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба «Барномаи давлатии рушди оила дар ҶТ барои солҳои 2024-2028», «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҶТ барои солҳои 2024-2028» баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад,  дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани мавсими зимистон, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, тозагии муҳити зист, сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо ва ҷоннок намудани тадбирҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...