Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ беҳтар нашуд. Комиссия коре накард?

Asia-Plus

Моҳи декабри соли 2022 дар пайи таъсиси Комиссия оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳо (рейтингҳо)-и байналмилалӣ, ки ҳадафи он беҳтар кардани мавқеи Тоҷикистон дар 26 раддабандии ҷаҳонӣ буд, “Азия-Плюс” мавқеи онвақтаи кишварро дар раддабандиҳои байналмилалӣ интишор кард, то дар оянда фаъолияти комиссияро дуруст баҳогузорӣ кунад.

Бо гузашти беш аз 1 сол мо дубора ба мавқеи Тоҷикистон дар ин 26 раддабиндӣ назар кардем, то муқоиса кунем, ки то куҷо комиссия барои беҳтар кардани мақоми Тоҷикистон дар ин раддабандӣ талош кардааст.

Бояд гуфт, ки барои баҳогузории холисона “Азия-Плюс” ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ва Бонки милллии Тоҷикистон дархости расмӣ равон кард, ки дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳое, ки ба сохтори онҳо дахл дорад, маълумот пешниҳод кунанд.

Мутаассифона, ба истиснои Бонки миллии Тоҷикистон ду ниҳоди расмии дигар ба дархости мо посух надоданд ё иттилои дархостшударо ироа накарданд.

Аз ҷумла, Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо гузашти беш аз 3 моҳ ба макутби мо умуман посух надод.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба дархости аввали мо посухи умумӣ дод, ки “бо назардошти татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳамасола тамоюли мусбиро касб намуда истодааст”. Аммо аз ҳеҷ раддабандӣ ном набурд.

“Азия-Плюс” такроран ба ин ниҳод мактуб равон кард, то мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандиҳо мушаххасан пешниҳод кунад. Вале дар посухи ин ниҳод, ки рӯзи 24-уми январи соли равон дастрас шуд, гуфта мешавад, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар асоси рӯзномаи  Комиссия оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ баррасӣ мешавад ва онҳо танҳо баъди баргузории ҷаласаи навбатии комиссия маълумот пешниҳод мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи низомнома, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муовини раиси комиссия мебошад.

Аз ин рӯ, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки мустақилона бо истифод аз додаҳои боз мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандиҳои байналмилалӣ маълум ва бо мавқеи пешини Тоҷикистон қиёс кунад, ки то куҷо вазъ тағйир ёфтааст.

Маълум шуд, ки вазъ ба таври назаррас тағйир наёфтааст ва мо ҳамоно дар рейтингҳои байналмилалӣ дар мавқеи поин қарор дорем.

Бояд гуфт, ки баъзеи ин раддабандиҳо ҳар сол, қисме дар ду сол як маротиба ва баъзеи дигар дар чор сол як маротиба бозбинӣ мешаванд.

Комиссия оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳо (рейтингҳо)-и байналмилалӣ ҳам то ҳол аз кори худ ҳисобот пешниҳод накардааст ва маълум нест, ки он дар беш аз як соли фаъолият чӣ корҳоеро анҷом додааст ва самари он чӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки ин комиссия зери роҳбарии Давлаталӣ Саид, муовини аввали вақти сарвазири Тоҷикистон таъсис ёфта,  ҳадафи он беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар 26 радабандии байнулмилалӣ гуфта мешуд.

Ба ҳайати Комиссия 58 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти судӣ ва қудратӣ, баъзе муассисаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, ташкилоту корхонаҳо, инчунин як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомиланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...