Бег Сабур барои таъмини алоқаи босифат Ситод ташкил кард ва худ роҳбари он шуд

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як фармони худ дар назди хадамот Ситоди доимӣ оид ба таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе таъсис додааст. Дар ин бора сомонаи хадамот хабар медиҳад. Манбаъ менависад, мақсади таъсиси ситод “озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ” мебошад. Ситодро худи Бег Сабур роҳбарӣ мекунад. Аҳлиддин […]

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як фармони худ дар назди хадамот Ситоди доимӣ оид ба таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе таъсис додааст. Дар ин бора сомонаи хадамот хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, мақсади таъсиси ситод “озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ” мебошад.

Ситодро худи Бег Сабур роҳбарӣ мекунад. Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” муовини сардор буда, роҳбарони ширкатҳои мобилии кишвар аъзои ситод мебошанд.

“…Ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд”, – гуфта мешавад дар хабарномаи Хадамоти алоқа.

Ташкили ситоди алоҳида барои таъмини алоқаи босифат дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар аз алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби инро ба фарсуда ё сарбории таҷҳизоти мавҷрасон маънидод мекунанд.

Зимнан, дар гузашта баъди танқиди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он, Бег Сабур барои беҳтар кардани сифати интернет ва поин кардани нархи он комиссияи давлаӣ таъсис дода, чандин маротиба ҷаласаҳо ҳам гузаронида буд.

Зимнан, охири соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.

Вале тавре дида мешавад, интернет ва нархи он дар кишвар ба таври назаррас беҳтар нашудааст ва сокинони кишвар то ҳол аз ин мушкил шикоят доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.