Тоҷикистон бори дигар ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин даъват кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин даъват кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки рӯзи 5 март дар Ҷидда баргузор шуд, изҳори назар кард. Сироҷиддин Муҳриддин аз […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин даъват кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки рӯзи 5 март дар Ҷидда баргузор шуд, изҳори назар кард.

Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷоми иқдоми муассирро ҷиҳати оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа даъват ба амал овард.

Моҳи декабри соли 2023 низ Тоҷикистон аз қатъномае, ки ба “оташбаси фаврии доимӣ ва устувор” дар навори Ғазза”даъват мекард, ҷонибдорӣ карда буд.

Ҳамчунин моҳи октябри соли 2023 ҷумҳурӣ қатъномаи ба ин монандро дастгирӣ карда буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 ноябри соли 2023 зимни суханронӣ дар нишасти муштараки Лигаи давлатҳои арабӣ дар Ар-Риёз “куштори ҳазорон сокинони осоишта” ва “тахриби зерсохтори ҳаётан муҳим”-ро дар Ғазза маҳкум кард.

Ӯ ҳамчунин таъсиси Давлати Фаластинро дар сарҳадҳои соли 1967 бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дастгирӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.