Тоҷикистон мехоҳад дар “рейтинг”-ҳои ҷаҳонӣ мавқеашро боло барад. Онҳо кадом “рейтингҳо” ҳастанд?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳо (рейтингҳо)-и байналмилалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад департаменти иттилооти ВКХ ҶТ.

Чорабинӣ таҳти раёсати муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гардид.

“Дар ҷаласа мақсад ва вазифаҳои Комиссия, ҳайати он, гузориш оид ба раддабандиҳои байналмилалӣ ва Нақшаи кори Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ гардиданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Комиссия қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ин чӣ Комиссия аст?

Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи майи соли равон таъсис дода шуд. Муқаррароти Комиссия, инчунин ҳайати он, рӯйхати вазорату идораҳои масъул дар ин самт тасдиқ карда шуд.

Ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шуд, ки дар мавриди беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байнулмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар нимсола дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ба ҳайати Комиссия 58 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти судӣ ва қудратӣ, баъзе муассисаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, ташкилоту корхонаҳо, инчунин як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ шомиланд.

Ба Комиссия муовини якуми сарвазир роҳбарӣ намуда, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муовини ӯ мебошад.

Кадом радабандиҳо дар назар аст?

Бо қарори ҳукумат, рӯйхати 26 радабандиҳои байнулмилалии зерин тасдиқ шудааст, ки аъзои Комиссия баҳри беҳтар кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд:

– Шохис (Индекс)-и озодиҳои иқтисодии Маркази таҳқиқотии «Heritage Foundation»;

– Шохиси рақобатпазирии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ;

– Таснифи хавфҳои кишварии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд;

– Шохиси волияти ҳуқуқи Созмони ҷамъиятии «World Justice Project»;

– Шохиси дарки коррупсияи Ташкилоти ғайриҳукуматии «Transparency International»;

– Барномаи рушди инсонии СММ;

– Шохиси демократияи кишварҳои ҷаҳон;

– Шохиси озодии матбуоти Созмони ғайриҳукуматии “Хабарнигорони бидуни марз”;

– Шохиси самаранокии логистикаи Бонки ҷаҳонӣ;

– Радабандии рушди ҳукумати электронии СММ;

– Шохиси имконоти омории Бонки ҷаҳонӣ;

– Шохиси рақобатпазирии саноатии СММ оид ба рушди саноатӣ;

– Шохиси глобалии инноватсионии Донишгоҳи Корнелли ИМА, Донишкадаи INSEAD ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ;

– Шохиси Ҳадафҳои рушди устувори Донишгоҳи Кембриҷ;

– Индикаторҳои сифати раёсати Бонки ҷаҳонӣ;

– Радабандиҳои мустақили кишвар, ки аз ҷониби агентиҳои байнулмилалии радабандии «Standard & Poor’s» ва «Moody’s» дода шудааст;

– Шохиси шаффофияти буҷети Барномаи таҳқиқот ва таблиғи ҳамкории байнулмилалии буҷетӣ;

– Шохиси хавфи тассаллути сомонаи «TheGlobalEconomy.com»;

– Шохиси эътимоднокии сармоягузориҳои хориҷии ташкилоти консалтингии «The A.T. Kearney»;

– Шохиси рақобатпазирии сайёҳии Форуми ҷаҳонии сайёҳӣ;

– Шохиси рушди технологияҳои иттилоотии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ;

– Шохиси иқтисоди дониши Бонки аврупоии таҷдид ва рушд;

– Шохиси дониши глобалии БРСММ ва Фонди Муҳаммад ибни Рашид ал-Мақтум;

– Шохиси шукуфоии кишварҳои Маркази таҳқиқотии «Legatum Institute»;

– Радабандии брендҳо (тамғаҳо)-и миллии Ташкилоти консалтингии «Brand Finance»;

– Радабандии хавфҳои кишварии Ширкати байнулмилалии суғуртаи «Euler Hermes».

Ба сурати умум, биисёр радабандиҳои дигари байнулмилалӣ оид ба ин ё он соҳа ва самтҳо мавҷуданд.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки касби мақоми баланд дар радабандӣ натанҳо боиси ифтихор, балки аз лиҳози иқтисодӣ низ судманд аст: рӯҳия ва муносибати сармоягузорон ва шарикони савдо метавонад мустақиман ба мавқеи кишвар дар онҳо вобаста бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...