«Дов» дар фестивали байналмилалии Ҳиндустон намоиш дода мешавад

Филми ҳунарии «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон (International Film Festival of India), ки аз 20-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Гоа доир мегардад, намоиш дода мешавад. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм хабар медиҳад. Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 […]

Филми ҳунарии «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон (International Film Festival of India), ки аз 20-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Гоа доир мегардад, намоиш дода мешавад. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм хабар медиҳад.

Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” шоми 28-уми октябр дар кинотеатри “Ватан” баргузор шуд. Коргардонии филмро Муҳиддини Музаффар ба уҳда дошта, аз ҷониби “Суғдсинамо” ва “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шудааст.

Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумамин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор  аз сактаи қалб вафот мекунад.

Намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм 1-уми ноябр то 1-уми декабр дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шудааст, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард. Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.