Келинро барои қатли хушдоманаш 18,5 сол равонаи зиндон карданд

Суди вилояти Хатлон, Миҷгона Бегматова, як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштори хушдоманаш 18 солу 6 моҳ ва дугонаи ӯ Мадина Нурмаҳмадзодаро 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод менависад, ки Миҷгона Бегматова ва Мадина Нурмаҳмадзода, ҳарду сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон шаби 2-юми майи соли […]

Суди вилояти Хатлон, Миҷгона Бегматова, як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштори хушдоманаш 18 солу 6 моҳ ва дугонаи ӯ Мадина Нурмаҳмадзодаро 17 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод менависад, ки Миҷгона Бегматова ва Мадина Нурмаҳмадзода, ҳарду сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросон шаби 2-юми майи соли 2022 бо кӯрпа Г. Бобокалонова, хушдомани Миҷгона Бегматоваро буғӣ карда, дар назди наберааш куштаанд.

Манбаъ гуфтааст, онҳо баъди куштор ба ҳуҷраи дигари марҳум, даромада, “аз дохили он маблағи 220 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи Бобокалонова Г.А.-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Муфаттишон гуфтаанд, Миҷгона Бегматова се кӯдак дошта, ҳангоми дар Русия будани шавҳар дар хонаи хусуру хушдоман мезист.

Ба иттилои манбаъ, байни онҳо пайваста муноқиша рӯй медодааст, ки ин сабаби куштор шудааст.

Ҳукми суд охири моҳи сентябри имсол содир шуда, Миҷгона Бегматова ва Мадина Нурмаҳмадзода  бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 бандҳои “е, з”) ва дуздӣ (моддаи 244 қисми 2 бандҳои “б, в, г”) гунаҳкор ва бо ҳукми Суди вилояти Хатлон Бегматова 18 солу 6 моҳ ва Нурмаҳмадзода 17 солу 6 моҳ зиндонӣ шуданд.

Куштори хушдоман аз сӯи келин дар Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, чанде пеш ҳам Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фозила Салимоваи 22-сола, як сокини Душанберо барои қатли хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58-сола 2 сол равонаи зиндон карда буд.

Суд ин парвандаро бо моддаи одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ баррасӣ кард, ки наздикони ҷабрдида аз он розӣ нестанд. Онҳо даъво доштанд, ки келини хонадон бо бераҳмии хос ва дар ҳолати ороми рӯҳӣ хушдоманашро ба қатл расонидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.