Дар Душанбе келинро барои қатли хушдоман 2 сол зиндонӣ карданд

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фозила Салимоваи 22-сола, як сокини Душанберо барои қатли хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58-сола 2 сол равонаи зиндон кард. Вале наздикони ҷабрдида аз ҳукми суд розӣ нестанд. Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, қарори суд рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Мавҷуда Қосимзода содир […]

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Фозила Салимоваи 22-сола, як сокини Душанберо барои қатли хушдоманаш Зиннатбибӣ Носироваи 58-сола 2 сол равонаи зиндон кард. Вале наздикони ҷабрдида аз ҳукми суд розӣ нестанд.

Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, қарори суд рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Мавҷуда Қосимзода содир гардид.

Ӯ афзуд, онҳо аз қарори суд розӣ нестанд, чунки суд парвандаро бо моддаи одамкушӣ дар ҳолати ҳайяҷони сахти рӯҳӣ баррасӣ кард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, келини хонадон модарашро бо бераҳмии хос ва дар ҳолати ороми рӯҳӣ ба қатл расонидааст.

“Нафареро, ки модарамро дар хонаи худаш бо зарби 27 корд ба қатл расонад, танҳо 2 сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Ин ноҳаққӣ аст”, – нигаронӣ кард Фарзона Мусоева.

Вай гуфт, судя мебоист парвандаро бо моддаи одамкушӣ (104 қисми 1) баррасӣ мекард, вале бо сабабҳои номаълум парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) баррасӣ намуданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Зинатбибӣ Носирова рӯзи 23-юми майи соли равон дар хонаи худ бар асари муноқиша бар асари баҳси хона аз сӯи келини хонадон Фозила Салимова бо 27 зарби корди хоҷагӣ кушта шуд.

Чанде пештар наздикони ин зан бо ирсоли номае ба Прокуратураи генералӣ аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ норозигӣ карда, даъво карда буданд, ки келини хонадон бо моддаи "одамкушӣ" ҳабс шавад.

Фарзона Мусоева, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар аввал нисбати Фозила Салимова бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) парванда боз шуд, вале дар охир муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) бандубаст карданд, ки аз ин онҳо розӣ нестанд.

“Салимова Ф.Ҳ. модари маро бераҳмона, дар ҳолати хуб буда, бо мақсади куштор зада куштааст. Дар баёнотҳои аввалини Салимова Ф. гуфта шудааст, ки гӯё ӯ дар вақти содир намудани ҷинояти мазкур дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор доштааст, ки ин дурӯғи маҳз мебошад. Аз замони содир намудани ҷиноят ва то замони ҳозир Салимова ҳама ҳаракат ва кирдорҳои худро пурра ва дуруст дарк мекунад”, – гуфта мешуд дар мактубе, ки ба прокуратура ирсол шудааст.

Ҳоло Фарзона Мусоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз ҳукми суд розӣ нестанд, вале ба зинаҳои болоӣ шикоят намекунанд, чунки ба адолати судӣ бовар надоранд ва он сарфи маблағ ва вақту кӯшиши беҳуда аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.