Таркиш дар Истамбул. Миёни кушташуда ва захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Дар пайи таркиши бомб, ки дишаб, 13-уми ноябр, дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар додааст ОИ “Авесто” бо такя ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ин ҳамларо маҳкум […]

Дар пайи таркиши бомб, ки дишаб, 13-уми ноябр, дар маркази шаҳри Истамбули Туркия рух дод, 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Миёни кушташудагон ва ҷароҳатбардоштагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар додааст ОИ “Авесто” бо такя ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия, ин ҳамларо маҳкум карда гуфт, таркиш дар наздикии майдони Тақсим рух додааст.

“Воҳидҳои дахлдори давлати мо барои пайдо кардани масъулони ин ҳамлаи даҳшатбор кор мекунанд”, – гуфт Эрдуғон дар нишасти хабарие, ки тавассути шабакаҳои телевизионии Туркия мустақиман пахш шуд.

Таркиш дар кӯчаи пиёдагардҳои Истиқлол, ки миёни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ маъруф аст, рух додааст. Ба гуфтаи Фуат Октай, ноиби президенти Туркия, таркишро як зан ба амал овардааст.

“Ҳамлакунанда зан буд, вай бомбаро тарконд. Ин аз амали террористӣ шаҳодат медиҳад”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Октой, чаҳор нафар дар ҷои инфиҷор ва ду нафари дигар баъдтар, дар бемористон ба ҳалокат расидаанд. Ба таҳқиқи ин ҳамлаи террористӣ 14 муфаттиши Додситонии кулли Туркия ва коршиносони додгоҳӣ машғуланд.

Октой гуфт: “Ҳар кӣ дар паси ин ҳодиса бошад, дар дохили марзҳои мо ё дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, мо ба онҳо мерасем. Ин афрод ба Туркия бурда, ба додгоҳ кашида мешаванд ва муҷозот хоҳанд шуд”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, солҳои 2015-2016 низ дар кӯчаи Истиқлоли Истамбул чанд таркиш рух дод ва он замон масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.

Охирин ҳамлаи бузурги террористӣ дар Истамбул шаби 1 январи соли 2017 рух дод, ки як марди мусаллаҳ бо автомати Калашников ба клуби шабона дар соҳили Босфор ворид шуда, ба сӯи меҳмонон тир кушод.

Дар ин ҳамла 39 нафар кушта ва 69 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.