Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиёт

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 3 нафар ҳалок шуда, ду каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 11 март дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекат дар километри 147-ум рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи  OPEL ZAFIRA […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 3 нафар ҳалок шуда, ду каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 11 март дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекат дар километри 147-ум рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи  OPEL ZAFIRA аз идораи воситаи нақлиёт набаромада,  ба чуқурии тақрибан 800-900 метр сарозер шудааст, ки дар  натиҷа автомашина  баъди ба садама дучор гаштан  оташ мегирад, – омадааст дар хабар. – Ҳангоми садама 3 мард ва 2 зан худро аз дохили автомашина ба берун мепартоянд, ки дар натиҷа 1  нафар мард  ва 2 нафар зан ба ҳалокат мерасанд”.

Ба иттилои манбаъ, 2 нафар ҷароҳат гирифта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бурда мешаванд, лекин баъдан яке аз онҳо ҳалок мешавад.

Зикр мегардад, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷароҳатбардоштагон ва фавтидагонро бо ёрии таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ  аз чуқурӣ  бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.