Дар Тоҷикистон сафи бекорони расмӣ кам шудааст

Теъдоди шахсони расман ба сифати бекор сабиномшуда дар Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ 48,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ин нишондиҳанда 12,1% нисбат ба моҳи ноябр ва 9,7% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин аст. Ба иттилои Агентӣ, миёни бекорони сабтиномшуда 46,3%-ашро занон ташкил медиҳанд. Ҳиссаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Теъдоди шахсони расман ба сифати бекор сабиномшуда дар Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ 48,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда 12,1% нисбат ба моҳи ноябр ва 9,7% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин аст.

Ба иттилои Агентӣ, миёни бекорони сабтиномшуда 46,3%-ашро занон ташкил медиҳанд.

Ҳиссаи бекорони расман сабтшуда дар теъдоди умумии шахсони коршоям 1,8%-ро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Агентӣ, қууваи корӣ то оғози соли равон ҳудуди 2,7 млн нафарро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари бекороне сухан меравад, ки дар воҳидҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат худро ба қайд гузоштаанд. Теъдоди воқеии бекорон дар кишвар метавонад бамаротиб зиёд бошад.

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири дарёфти кори маошаш муносиб ҷумҳуриро тарк мекунанд. Самти асосӣ Русия боқӣ монда, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, дар ин кишвар тақрибан 600 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Аммо дар маълумоти омории Русия дар бораи зиёда аз 1 млн нафар чунин шаҳрвандони ҷумҳурӣ сухан меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон то охири соли гузашта ба 2381 сомонӣ (217 доллар) ва дар Русия тибқи маълумоти Росстат, ба 103 815 рубл (1146 доллар) баробар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.