Додгоҳ як “таксист”-ро барои таблиғи “Салафия” 5 сол равонаи зиндон кард

Ба навиштаи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Умарҷон Абдуҷабборов, сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гунаҳкор шудааст, ки соли 2020 ба Русия барои муҳоҷирати корӣ рафта, дар онҷо ба тарғибу паҳн кардани ақидаҳои ифротии мубаллиғони ташкилоти экстремистии равияи динии “Салафия” машғул шудааст. “ Умарҷон Абдуҷабборов дар хонаи иҷорагирифтааш бо ду нафар дӯстонаш оши ҳарифона ташкил карда, бештар […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Ба навиштаи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, Умарҷон Абдуҷабборов, сокини 47-солаи шаҳри Хуҷанд ба он гунаҳкор шудааст, ки соли 2020 ба Русия барои муҳоҷирати корӣ рафта, дар онҷо ба тарғибу паҳн кардани ақидаҳои ифротии мубаллиғони ташкилоти экстремистии равияи динии “Салафия” машғул шудааст.

“ Умарҷон Абдуҷабборов дар хонаи иҷорагирифтааш бо ду нафар дӯстонаш оши ҳарифона ташкил карда, бештар сари таблиғи ақидаҳои ифротии мубаллиғони ташкилоти экстремистии равияи динии “Салафия” суҳбат мекардааст ва тириқи шабакаҳои иҷтимоии “Мессенҷер” ва “Вотсап” сабти овозу наворҳои хусусияти ифротгароидоштаро ирсол кардааст”, – зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.

Ба навиштаи манбаъ, Умарҷон Абдуҷабборов соли 2023, вақте ба шаҳри Хуҷанд баргашта, ба кирокашӣ машғул буд, боздошт ва охири ҳамон сол дар асоси моддаи 307 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба 5 соли зиндоз маҳкум шудааст.

Бояд гуфт, ки фаъолияти равияи динии “Салафия” аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буда, аз соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.