Чӣ гуна ширкати “Нексигол” мехоҳад дар Тоҷикистон гази карбонро кам кунанд?

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Азия-Плюс"

Дастгирии кишоварзон, гузариш ба иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”,  кам кардани таъсири газҳои гулхонагӣ ба муҳит, дар масоҳати ками замин гирифтани ҳосили бештар, истифода ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ масъалаҳои асосие буданд, ки 15 март  дар як чорабинии ташкилкардаи гурӯҳи ширкатҳои “Нексигол” баррасӣ шуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, USAID дар Тоҷикистон,  ACDI/VOCA ва ҳукумати вилояти Суғд иштирок доштанд. Қисмати муҳими чорабинӣ бастани  созишномаи ҳамкорӣ байни ширкати байналмиллалии Sistema.Bio, ки ба истеҳсоли таҳҷизоти биогаз машғул аст  ва  “Нексигол Мушовир”, ташкилоти машваратии кишоварзӣ дар Тоҷикистон, оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии биореакторӣ барои истеҳсоли биогаз буд.

Технологияи истеҳсоли биогаз, ки аз ҷиҳати истифода оддию аз ҷиҳати арзиш  гарон нест, дар Тоҷикистон ҳам дастрас мешавад. USAID дар Тоҷикистон,  ACDI/VOCA  дар марҳилаи озмоишии ин лоиҳа дастгирии молиявӣ ва техникӣ мерасонанд.

Ҳамкории “Нексигол- Мушовир”  бо  Маркази рақамикунонӣ

Иззатулло Асадуллоев, директори Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзӣ гуфт: “Бо  “Нексигол Мушовир”  соли дуюм аст, ки шартномаи ҳамкорӣ дорем. Соли гузашта дар яке аз чорабиниҳо, ки дар давлати Озарбойҷон баргузор шуд ва сарони 7 давлат иштирок доштанд, рақамикунонии соҳаи кишоварзиро  муаррифӣ кардем, ки баҳои баланд гирифт”.

Ба қавли Асадуллоев, имсол барои маркази рақамикунонӣ, ки навтаъсис аст, баргузории чорабиниҳои калон дар  пеш аст. Яке аз онҳо ифтитоҳи биное, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ таъмир мешавад. Дар он бино барои “Нексигол-Мушовир” гӯшаи махсус ҷудо шудааст. 

“Нексигол” фаъолияти беш аз 20 сола дорад

Маҳинахон Сулаймонова, роҳбари иҷроияи “Нексигол Мушовир” гуфт: “Оғози таъсиси фаъолияти Нексигол соли 2009 аст.  “Нексигол-Мушовир” ҷузъи муҳими гуруҳи ширкатҳои “Нексигол” аст, ки тули беш аз 20 сол дар соҳаи кишоварзӣ, дар соҳаи агробизнес дар Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунад. “Нексигол-мушовир”  хидматрасониҳои машваратӣ, омӯзишӣ ва таҳқиқотиро дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамояд”.

Ӯ таъкид намуд, ки агар лоиҳаҳои “Нексигол-Мушовир” барои санҷиш ва мувофиқ кунондани технологияҳо ва усулҳои истеҳсолоти кишоварзӣ нигаронида шуда бошад, дар гуруҳ дигар ташкилотҳое мисли “Нексигол-Навовар” ҳаст, ки фаъолияташ ба тиҷораткунонии иннаватсионӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ равона шудааст.

“Ҳамасола “Нексигол-Мушовир” бо даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, ки бо агробизнес машғул ҳастанд ва ҳазорҳо деҳқонони Тоҷикистон дар беҳтар кардани сифати маҳсулот ва ҷорӣ намудани технологияи нав ва беҳтар кардани сифати маҳсулот мусоидат менамоям”, – гуфт Маҳинахон Сулаймонова.

Sistema.Bio  чӣ гуна таҷҳизот аст?

Випин Кале, менеҷери калони лоиҳаҳои Sistema.Bio гуфт: “Ташкилоти Sistema.Bio дар Мексика ҷойгир буда, соли 2018 дар Ҳиндустон ифтитоҳ гардидааст. То имрӯз беш аз 100 ҳазор системаи биогазро дар тамоми ҷаҳон ҷиҳозонидааст, ки 65 ҳазори он дар Ҳиндустон ҷойгир шудааст”.

Ӯ гуфт, “Sistema.Bio” таҷҳизоти иҷтимоӣ буда, дар хоҷагиҳои хурду миёна дар тамоми дунё барои кам кардани ихроҷи гази карбон истифода мешавад. Ҳадафи он то соли 2030 кам кардани гази карбон то 1% аст, барои расидан ба ин ҳадаф саҳми Тоҷикистон низ калон аст.

Дар Суғд ҳар сол аҳолӣ 2,5% афзоиш меёбад, рушди кишоварзӣ талаботи умда аст.

Шарифҷон Ахмедов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва амволи ҳукумати вилоти Суғд гуфт, тибқи маълумоти расмӣ аҳолии вилоят ҳар сол 2,5 дарсад афзоиш меёбад ва табиист, ки талабот ба маводи озуқаворӣ  зиёд мегардад.

“93% Тоҷикистон кӯҳ аст ва дар 7% водӣ рӯёнидани ҳосили зиёду босифат, бо назардошти тағирёбии иқлим душвор аст. Дар ин ҳолат, нақши  технологияҳои нави кишоварзӣ боз ҳам боризтар мешавад”, – гуфт Шарифҷон Ахмедов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...