Ҳамла ба донишҷӯёни мусулмони Тоҷикистону Шри-Ланка дар Донишгоҳи Гуҷарати Ҳиндустон

Як гурӯҳ шахсон ба донишҷӯёни мусулмони муҳассили Донишгоҳи Гуҷарати Ҳиндустон, ки миёнашон тоҷикистонӣ ҳам ҳузур доштааст, ҳамла кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба расонаҳои Ҳиндустон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 16-уми марти имсол дар шаҳраки донишҷӯён рух додааст. Бар асари ҳамла ҷабрдидагон дар беморхона бистарӣ шуда, ду нафар ҳамлагарон ба ҳабс […]

Asia-Plus

Як гурӯҳ шахсон ба донишҷӯёни мусулмони муҳассили Донишгоҳи Гуҷарати Ҳиндустон, ки миёнашон тоҷикистонӣ ҳам ҳузур доштааст, ҳамла кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба расонаҳои Ҳиндустон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 16-уми марти имсол дар шаҳраки донишҷӯён рух додааст. Бар асари ҳамла ҷабрдидагон дар беморхона бистарӣ шуда, ду нафар ҳамлагарон ба ҳабс гирифта шудаанд. Мақомоти пулиси Гуҷарат ваъда додааст, ки “чораи қатъӣ меандешад” ва гумонбарони дигарро низ дастгир хоҳанд кард.

Зикр мегардад, ки осебдидагон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Африқои Ҷанубӣ ва Шри-Ланка ҳастанд.

Ду донишҷӯ – яке аз Шри-Ланка ва дигаре аз Тоҷикистон – дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои Hindustan Times, шуъбаи мубориза бо ҷинояткории пулиси Аҳмадобод ду нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ва лату кӯби якчанд донишҷӯи хориҷӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи Гуҷарат ҳангоми намозггузорӣ боздошт кардааст.

Мақомоти пулис хабар додааст, ки дар ин ҳамла зиёда аз бист кас ширкат карда, аммо то кунун ду нафари онҳо дастгир шуданд.

Мувофиқи маълумоти ВАО-и Ҳиндустон, гурӯҳи ҳамлагарон вориди хобгоҳ шуда, ба зидди намозгузории донишҷӯёни хориҷӣ эътироз кардаанд. Дар натиҷа, ин гурӯҳ ба хориҷиён ҳамла карда, ба тарафи онҳо санг партофтанд ва ҳуҷраҳояшонро вайрон кардаанд.

Мақомоти пулис бар ин назар аст, ки ҳамла дар натиҷаи баҳси намозгузорӣ дар хобгоҳ ба ҷойи масҷид сурат гирифтааст. Дар бораи шахсияти донишҷӯён маълумоти муфассал дода намешавад.

Бино ба иттилои Hans India, Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон, ҳукумати Гуҷарат ҷиҳати муҷозоти гунаҳкорон барои зӯроварӣ тадбирҳо андешида, вазъияти вобаста ба тартиботи ҳуқуқӣ зери назорат доранд.

Тибқи маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, соли 2020 дар донишгоҳҳои Ҳиндустон қариб 150 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Маълумот барои соли ахир дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.