Идомаи “шикор”-и фолбинон дар Хатлон. Боздошти боз 13 фолбину ҷодугар барои “гарму хунуккунӣ”

Asia-Plus

Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти 13 фолбину ҷодугар хабар медиҳад, ки “бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошанд”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки барои ошно кардани аҳолӣ бо чеҳраи фолбинону ҷодугарон  ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳо пайваста рейду амалиётҳо мегузаронад, то шаҳрвандони гумроҳ ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҳамаи фолбинону ҷодугарон ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бозошт шуданд.

Ин ниҳод аз онҳо

– Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи

ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷоникидзе;

– Гадоева Гавҳарбӣ соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор;

– Мавлянова Замира соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма;

– Худоёрова Рузиой соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон;

– Юнусов Ҳайдар соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ;

– Муратова Шоира соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона;

– Наврузов Шариф соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода;

– Мирзохонова Ҳанифа соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат;

– Сарматов Ашур Эргашович 16.03.1970 соли тавалудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ;

– Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол;

– Сафаралиева Раиса соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов;

– Тағоева Шаҳло соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой;

– Чуянова Ҳиҷронбӣ соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор ном бурдааст.

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки мутаассифона қисме аз ин тоифаи мардумфиреб ва каҷрафтор худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад”, – гуфтааст РВКД дар вилояти Хатлон.

Ба иттилои ин ниҳод, аз хонаи дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Милитсияи Хатлон мегӯяд, “дар асл нафарони болозикргардида ягон дониши тиббиву динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдорҳои мардумфиребона мезадаанд”.

Бар зидди 13 ҷодугару фолбин бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда, дар сурати такрор шудани ин амалҳо ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикони ҳоло маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир ин дуввумин ҳолати боздошти фолбинон дар вилояти Хатлон аст. Рӯзи 21-уми марти соли равон милитсияи вилоят аз боздошти 5 фолбину ҷодугар ва ҷинбарору мушкилкушоён хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...