Боздошти як мансабдори баландпояи тоҷик барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ва азхудкунии беш аз 9,3 млн сомонӣ

Як мансабдори тоҷикро барои ба соҳибкорӣ машғул шудан, фиреби соҳибкорон бо истифода аз мансаб ва аз худ кардани миллионҳо сомонӣ боздошт кардаанд. Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки М. Асоев, директори КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содироти Тоҷикистонро барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ва азхуд кардани ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷет боздошт шудааст. Ин ниҳод навиштааст, ки Асоев […]

Asia-Plus

Як мансабдори тоҷикро барои ба соҳибкорӣ машғул шудан, фиреби соҳибкорон бо истифода аз мансаб ва аз худ кардани миллионҳо сомонӣ боздошт кардаанд.

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки М. Асоев, директори КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содироти Тоҷикистонро барои машғул шудан ба соҳибкорӣ ва азхуд кардани ҳазорҳо сомонӣ маблағи буҷет боздошт шудааст.

Ин ниҳод навиштааст, ки Асоев дар чанд ҳолат қонуншиканӣ карда, маблағҳои соҳибкорон ва буҷетро тасарруф кардааст.

Масъулини Оҷонсии зиддифасод гуфтаанд, ки ӯ дар давраи роҳбари КВД «Тоҷагропромэкспорт» будан, дар як вақт роҳбарии ду ширкат- ҶДММ «Субҳи Сарбанд» ва ҶДММ “Оли Сомон”-ро ба уҳда дошта, ду ширкатро 1,5 млн сомонӣ аз андоз қарздор кардааст.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мансабдори давлатӣ наметавонад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад.

“Асоев М.С. ғайриқонунӣ аз номи ширкатҳои болозикр (ҶДММ «Субҳи Сарбанд» ва ҶДММ “Оли Сомон” дар назар аст, – муаллиф) тамоми амалиётҳои молию пулиро бо хоҷагиҳои деҳқонии истеҳсолкунандаи пахта ва дигар субъектҳои хоҷагидории вилояти Хатлон шахсан анҷом дода, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст оварда, пардохти маблағи андозҳои ҳисобшударо таъмин накарда, аз ин ҳисоб ҷамъиятҳоро дар назди давлат ба маблағи 1 501 334 сомонӣ қарздор намудааст”. – менависад Оҷонсии зиддифасоди кишвар.

Ин ниҳод хабар додааст, ки ғайр аз ин, Асоев бо истифода аз вазифааш (роҳбари КВД «Тоҷагропромэкспорт» дар назар аст, – муаллиф) аз як соҳибкор барои фурухтани нахи пахта 800 ҳазор доллари ИМА ё 9 млн 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.

Ҳамчунин, Асоев 332 ҳазору 546 сомонӣ маблағ аз ҳисоби фурӯш ва ба хориҷи кишвар содирот намудани ангиштсангро қасдан “ба кисааш зада”, ба гуфтаи мақомот “ба давлат зарари махсусан калон расонидааст”.

Оҷонсии зиддифасод бар зидди ин мансабдори давлатӣ бо 4 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, исрофкорӣ ё моддаи 245 қисми 4 банди “б”, қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ё моддаи 247 қисми 4 банди “б”, ташкил ғайриқонунии шахси ҳуқуқӣ ё моддаи 260 қисми 2 банди “а” ва сохтакорӣ ё моддаи 340 қисми 2 банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол намудааст.

Ин бандоҳои Кодекси ҷиноятӣ аз ҷаримаҳои ҳангуфт то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мавқеи Асоев, наздикон ва вакили дифои ӯ ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест. Ҳамин тариқ маълум нест, ки ӯ кай боздошт шуд ва аз вазифа озод шудааст ё не.

Оҷонсии зиддифасод хабари боздошти ин мансабдори тоҷикро дирӯз, 25-уми март нашр кард.

Бодя гуфт, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” бо қарори ҳукумати кишвар 27 майи соли 2020 дар назди Оҷонсии содирот таъсис ёфта, масълаҳои харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватаниро ба хориҷи кишвар амалӣ менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.