Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод

Asia-Plus

Дар Русия як нафари дигар бо гумони робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шудааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.

Расонаи Meduza менависад, ки тибқи иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшуда “дар маблағгузории терроризм ширкат кардааст”.

Дар гузориши Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи кор бо террористҳои боздоштшуда далели иртиботи онҳо бо миллатгароёни украинӣ ба даст оварда шудааст”.

“Тафтишот дар ихтиёри худ маълумотро тасдиқшудае дорад, ки омилони ҳамлаи террористӣ аз Украина пули зиёд ва криптовалюта дарёфт кардаанд, ки дар омодасозии ҷиноят истифода шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ин ниҳод ҷузъиёти дигаре надодааст.

Пештар аз ин, 23-юми март, Хадамоти бехатарии федеролӣ аз боздошти 11 нафар дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буд.

Аз ҷумла, чор нафар – Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар – Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...