Оғози даъвати ҳарбии баҳорӣ. Кадом ноҳияҳо нақшаи даъватро пурра иҷро карданд?

Дирӯз, 1-уми апрел, дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ барои хидмат ба сафи артиш оғоз шуд ва давоми ду рӯз ВМКБ, чанд навоҳии Суғду Хатлон ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро 100 дарсад иҷро карданд. Кишвар Амиршо, сухангӯи ВМКБ рӯзи 1-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, дар рӯзи аввали маъракаи баҳорӣ тамоми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон […]

Asia-Plus

Дирӯз, 1-уми апрел, дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ барои хидмат ба сафи артиш оғоз шуд ва давоми ду рӯз ВМКБ, чанд навоҳии Суғду Хатлон ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро 100 дарсад иҷро карданд.

Кишвар Амиршо, сухангӯи ВМКБ рӯзи 1-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, дар рӯзи аввали маъракаи баҳорӣ тамоми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи ҷалби даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ пурра иҷро карданд.

Бояд гуфт, ки ВМКБ чанд сол инҷониб аввалин шуда нақшаи ҷалби даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ иҷро мекунад.

АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки ҳамчунин чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон – Вахш, Фархор, Мӯъминобод ва Хуросон нақшаи даъватро дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро карданд.

Ба даъватшавандагоне, ки курси ронандагиро тамом кардаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд.

Ҳамчунин, навоҳии Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт 100 дарсад нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

Дар шимоли кишвар ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯх, Чилгазӣ ва Лаккони шаҳри Исфара аз 100 дарсад иҷрои нақша хабар доданд.

Бояд гуфт, ки даъвати баҳорӣ то 31-уми майи соли 2024 идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони раиси ҷумҳури кишвар, дар маъракаи даъвати ҷорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 ба хидмат даъват карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.