Геологҳои тоҷик 3 мушкилоти асосиро номбар карданд, ки рушди соҳа ба ҳалли онҳо вобаста аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки саривақт ва босифат баргузор намудани таҳқиқоти геологӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назди ин соҳа ба сатҳи омодагии техникӣ вобаста аст.

“Қисми зиёди техника ва таҷҳизоти воҳидҳои сохтории Саридораи геология ҳарчанд қисман коршоям бошанд ҳам, лекин кӯҳна ва фарсуда шудаанд”, – гуфта мешавад дар ҳисоботи ин ниҳод аз рӯи натиҷаҳои солҳои 2018-2023.

Дар ҳисоботе, ки 1 март аз ҷониби ҳукумат қабул шудааст, навсозии мунтазами тиаҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминковӣ пешниҳод мешавад.

Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки натиҷаи ниҳоии корҳои геологиву иктишофӣ ба намунагирии дуруст ва таҳқиқи дақиқи намунаҳо вобаста аст.

Зикр мегардад, ки дар сохтори соҳа се лаборатория фаъолият менамояд, ки ба муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои озмоишии ҳозиразамон ниёз дорад.

Илова бар ин, раҳбарияти Саридораи геология бозбинии тайёр намудани мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод мекунад.

“Барномаҳои таълимии амалкунандаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯзаи истеҳсолоти соҳаи геологияи ҷумҳурӣ мутобиқ карда шуда, алоқаи онҳо бо истеҳсолот густариш дода шавад”, – зикр мешавад дар ҳисобот.

Ёдрас мекунем, ки геология асоси саноати кӯҳӣ мебошад, ки дар баробари гидроэнергетика ва сайёҳии кӯҳӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат дониста мешавад.

Ҷумҳурӣ "анбори беназири бойтарини маъданҳои фоиданок" ҳисобида мешавад.

Дар кишвар зиёда аз 400 кон кашф карда шудааст, ки тақрибан 40 навъи ашёи хоми минералӣ, сӯзишворӣ, маъдан ва канданиҳои фоиданоки ғайримаъданироро дар бар мегиранд.

Аз рӯи захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг ва обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои пешрафтаро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...