Собиқ президенти Туркманистон ба Душанбе меояд

Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ташриф меорад. Сафари ӯ ба ҷумҳурӣ рӯзи 4 апрел дар назар аст. Дар ин бора дар шабакаи Телеграми шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дода мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҷараёни онҳо муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар […]

Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ташриф меорад. Сафари ӯ ба ҷумҳурӣ рӯзи 4 апрел дар назар аст.

Дар ин бора дар шабакаи Телеграми шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дода мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҷараёни онҳо муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Маросими расмии ифтитоҳ ва консерти ҳунармандони Туркманистон имрӯз, 3 апрел дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соати 16:00 оғоз мегардад.

Хор таҳти раҳбарии сархормейстери Театри опера ва балет Елена Тиллоева, солистҳо Манучеҳр Раҳмонов ва Достон Холов, инчуни ансамблҳо аз Туркманистон табъи тамошобинонро болида месозанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон соати 10:00 намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ҳамин рӯз, 4 апрел дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.