Геологҳои тоҷик 3 мушкилоти асосиро номбар карданд, ки рушди соҳа ба ҳалли онҳо вобаста аст

Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки саривақт ва босифат баргузор намудани таҳқиқоти геологӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назди ин соҳа ба сатҳи омодагии техникӣ вобаста аст. “Қисми зиёди техника ва таҷҳизоти воҳидҳои сохтории Саридораи геология ҳарчанд қисман коршоям бошанд ҳам, лекин кӯҳна ва фарсуда шудаанд”, – гуфта мешавад дар ҳисоботи ин […]

Раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки саривақт ва босифат баргузор намудани таҳқиқоти геологӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар назди ин соҳа ба сатҳи омодагии техникӣ вобаста аст.

“Қисми зиёди техника ва таҷҳизоти воҳидҳои сохтории Саридораи геология ҳарчанд қисман коршоям бошанд ҳам, лекин кӯҳна ва фарсуда шудаанд”, – гуфта мешавад дар ҳисоботи ин ниҳод аз рӯи натиҷаҳои солҳои 2018-2023.

Дар ҳисоботе, ки 1 март аз ҷониби ҳукумат қабул шудааст, навсозии мунтазами тиаҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминковӣ пешниҳод мешавад.

Ғайр аз ин, зикр мегардад, ки натиҷаи ниҳоии корҳои геологиву иктишофӣ ба намунагирии дуруст ва таҳқиқи дақиқи намунаҳо вобаста аст.

Зикр мегардад, ки дар сохтори соҳа се лаборатория фаъолият менамояд, ки ба муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои озмоишии ҳозиразамон ниёз дорад.

Илова бар ин, раҳбарияти Саридораи геология бозбинии тайёр намудани мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод мекунад.

“Барномаҳои таълимии амалкунандаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯзаи истеҳсолоти соҳаи геологияи ҷумҳурӣ мутобиқ карда шуда, алоқаи онҳо бо истеҳсолот густариш дода шавад”, – зикр мешавад дар ҳисобот.

Ёдрас мекунем, ки геология асоси саноати кӯҳӣ мебошад, ки дар баробари гидроэнергетика ва сайёҳии кӯҳӣ, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат дониста мешавад.

Ҷумҳурӣ "анбори беназири бойтарини маъданҳои фоиданок" ҳисобида мешавад.

Дар кишвар зиёда аз 400 кон кашф карда шудааст, ки тақрибан 40 навъи ашёи хоми минералӣ, сӯзишворӣ, маъдан ва канданиҳои фоиданоки ғайримаъданироро дар бар мегиранд.

Аз рӯи захираҳои мис, нуқра, тилло, сурб, руҳ, висмут, стронсий, сурма, волфрам, гази табиӣ, ангиштсанг ва обҳои минералӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои пешрафтаро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.