Ниммарафони навбатии байнулмилалӣ ба ифтихори 100-солагии шаҳри Душанбе

Имсол аз таъсиси пойтахти Тоҷикистон 100 сол пур мешавад. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалӣ доир мегардад. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба муносибати «Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» рӯзи 20 апрел дар пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мешавад. Дар ниммарафон аз иштироки намояндагони Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбӣ аз […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Имсол аз таъсиси пойтахти Тоҷикистон 100 сол пур мешавад. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалӣ доир мегардад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба муносибати «Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» рӯзи 20 апрел дар пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.

Дар ниммарафон аз иштироки намояндагони Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбӣ аз Тоҷикистон интизорӣ меравад. Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии Ассотсиатсияи байнулмилалии варзиши сабук (IAAF) дохил шуд.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар Ниммарафони XIII байнулмилалии Душанбе, ки 15 апрели соли 2023 доир гардид, варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкори тиҷоративу иқтисодӣ бо Душанбе, намояндагон Аврупову Амрико ва Африқову Осиё ширкат варзиданд.

Соли гузашта ғолибони ниммарафони байнулмилалӣ бо 39 ҳазору 200 сомонӣ, зинаҳои 2-юм – 33 ҳазору 600 сомонӣ, 3-юм – 28 ҳазор сомонӣ, 4-ум – 22 ҳазору 400 сомонӣ, 5-ум – 20 ҳазору 160 сомонӣ ва 6-ум – 16 ҳазору 800 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Дар қарори шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад, барои ташкили ин чорабинӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 546 ҳазору 860 сомонӣ ҷудо мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Ниммарафони якуми байнулмилалии Душанбе ба масофаи 21 км 97,5 м соли 2010 доир гардид. Рӯзи пойтахт дар Душанбе маъмулан рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафон ҳамчунин дигар чорабиниҳо аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ,, барномаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин озмунҳо гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.