Дар Тоҷикистон 10-уми апрел иди Рамазон таҷлил мешавад

Имсол иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел муайян шуд. Намози ид дар масҷидҳои ҷомеъи кишвар соати 6:30 баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  гирифта шудааст ва пагоҳ дар намози ҷумъа, […]

Asia-Plus

Имсол иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел муайян шуд. Намози ид дар масҷидҳои ҷомеъи кишвар соати 6:30 баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  гирифта шудааст ва пагоҳ дар намози ҷумъа, дар ҳама масоҷид, расман эълон мешавад.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, ки қаблан интишор шуда буд, имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 35 ҳазору 275 сомонӣ, ки аз ин маблағ 880 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шаёхи фонӣ ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд) ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 14 сомонӣ) муайян гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.