Лигаи олии футбол-2024: дар интизории чемпионати 33-юми Тоҷикистон

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Имсол чемпионати 33-юми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии кишвар 6 апрел оғоз гардида, мисли ду соли охир дар ду давр баргузор мешавад.

Дастаҳо дар 2 давр дар майдони худ ва меҳмонӣ бо ҳам вомехӯранд. Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯрӣ мегузаронад.

Дастаҳо аз 10 то 12-то зиёд шуданд

Қаблан тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни Лигаи олӣ аз 10 ба 12-то зиёд мешавад. Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонӣ (иҷозатномадиҳӣ)-и бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 ширкат карда наметавонад.

Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.

Ғайр аз ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионат ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд.

Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Ҳайати иштирокчиёни Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024:

«Истиқлол» (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Эсхата» (Хуҷанд)

«Кӯктош» (ноҳ. Рӯдакӣ)

КМВА (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода)

«Вахш» (Бохтар)

«Панҷшер» (ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ)

«Истаравшан» (Истаравшан)

«Барқчӣ» (Ҳисор).

Арзиши дастаҳои футболи Тоҷикистон

Портали Transfermarkt, ки арзиши футболбозонро баҳогузорӣ мекунад, маълумот дар бораи дастаҳои Тоҷикистонро нав кард.

Нархҳои умумии дастаҳои лигаи олии кишвар каме тағйир ёфтанд. Қобили зикр аст, ки дар маълумоти портал дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон зикр шудаанд, лекин на ҳамаашон.

Лигаи олии футболи Тоҷикистон нисбат ба навсозии пешинаи нархҳо дар умум гаронтар шудааст. Арзиши умумии дастаҳои чемпионати Тоҷикистон 12,14 млн евроро ташкил додааст. Қаблан он ба 12 млн евро баробар буд.

Дар 12 дастаи Лигаи олии Тоҷикистон 281 футболбоз бозӣ мекунанд, ки 79 нафарашон легионерҳо (футболбозони хориҷӣ) мебошанд. Синни миёнаи лига ба 25,5 сол баробар аст.

Дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон тариқи зайл нархгузорӣ шудаанд:  1) «Истиқлол» – 6,30 млн евро (қаблан 5,08 млн евро); 2) «Равшан» – 2,21 млн евро (қаблан – 2,60 млн); 3) «Эсхата» – 1,15 млн евро (қаблан – 250 ҳазор евро); 4) «Ҳосилот» – 800 ҳазор евро (қаблан – 350 ҳазор евро); 5) «Истаравшан» – 550 ҳазор евро; 6)  «Вахш» – 450 ҳазор евро (қаблан 900 ҳазор евро); 7) КМВА (ЦСКА) – 250 ҳазор евро (қаблан – 375 ҳазор евро); 8) «Регар-ТадАЗ» – 225 ҳазор евро (қаблан – 675 ҳазор евро); 9) «Хуҷанд» – 200 ҳазор евро (қаблан – 3,41 млн. евро); 10) «Кӯктош» – 50 ҳазор евро.

Ду зинаи охирро “Панҷшер” ва “Барқчӣ” ишғол намуданд, ки арзишашон баҳогузорӣ нашудааст.

11 футболбози гаронтарин

Бозингарони Лигаи олии Тоҷикистон, ки ба мунтахаби рамзии гаронтаринҳо дохил гардиданд, маълум шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои маълумоти навшуда 11 футболбози гаронтарин инҳоянд:

Ёдрас мекунем, ки давраи бақайдгирии зимистон, ки дар давоми он дастаҳои Тоҷикистон метавонистанд гузариши футболбозонро ба расмият дароранд, ба охир расидааст.

Қобили зикр аст, ки барои иштирок дар чемпионат ҳамаи дастаҳо ӯҳдадоранд, ки маблағи аъзоҳаққӣ пардохт кунанд, ки талаботи ФИФА аст. Имсол он барои дастаи Лигаи олӣ 80 ҳазор сомонӣ ва Лигаи якум – 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ивази он бояд ба дастаҳо кумак расонида шавад.

Легионерҳои чемпионат

Дар чемпионати нав дастаҳои лигаи олии кишвар 63 бозингари хориҷӣ (легионерҳо)-ро аз 17 кишвар даъват кардаанд.

Бештари легионерҳо аз кишварҳои зерин мебошанд: Гана – 15 нафар; Камерун – 14 нафар ва Ӯзбекистон – 13 нафар.

Мувофиқи регламенти чемпионати Тоҷикистон, дастаҳои лигаи олӣ то 7 легионер даъват карда метавонанд, лекин дар майдон дар як вақт ба бозии 5 легионер иҷоза шудааст.

Ҷадвали бозиҳои даври 1-уми чемпионат:

6 апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Барқчӣ» – «Равшан»

7 апрел (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Кӯктош»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Панҷшер» – КМВА (ЦСКА).

Ҷадвали пурраи Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...