ВАО: Дар Маскав ба мусулмонон тавсия шуд, ки дар Иди Рамазон дар хона намоз гузоранд

Мақомоти шаҳри Маскав ба мусулмонон тавсия доданд, ки рӯзи анҷоми моҳи шарифи Рамазон “намози идро дар хона гузоранд. Дар ин бора шабакаи Telegram-и «Осторожно, новости» ва Газета.ру хабар медиҳанд. Ин расонаҳо ба санадаи Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав, ки дар ихтиёр доштаанд, истинод овардаанд. Департамент ба сохторҳои шаҳр мактуб фиристода, дархост намудааст, […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳри Маскав ба мусулмонон тавсия доданд, ки рӯзи анҷоми моҳи шарифи Рамазон “намози идро дар хона гузоранд. Дар ин бора шабакаи Telegram-и «Осторожно, новости» ва Газета.ру хабар медиҳанд.

Ин расонаҳо ба санадаи Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав, ки дар ихтиёр доштаанд, истинод овардаанд.

Департамент ба сохторҳои шаҳр мактуб фиристода, дархост намудааст, ки маълумот дар бораи маҳдудиятҳои амалкунанда дар вақти ҷашни идро ба мусулмонон расонанд.

Дархост намудаанд, ки аз ҷумла тариқи корфармоён дар бораи пахшҳои онлайнии ибодатҳо маълумот расонида шавад. Хоҳиш шудааст, ки ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

Намояндагони дафтари матбуоти департамент ба “Осторожно, новости” гуфтаанд, ки тавсияҳо ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” вобастаанд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта намози Иди Рамазон дар 6 майдони шаҳри Маскав баргузор шуда буд.

Моҳи Рамазони имсол аз 11 март оғоз шуда, Иди Рамазон ба 10 апрел рост меояд. Имрӯз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ санаи дақиқи ҷашни Иди Рамазонро муайян мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.