Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ эҳтимол дорад

Рӯзҳои 12-13 апрели соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сокинони кишварро огоҳ мекунад, ки ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 12-13 апрели соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сокинони кишварро огоҳ мекунад, ки ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.

Ҳамчунин аз сокинони маҳалҳо дархост мешавад, ки бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ хотиррасон мекунад, ки ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.