Дар Душанбе хатсайри нави автобус роҳандозӣ мешавад

Дар Душанбе аз 22 апрел хатсайри нави автобус ба роҳ монда мешавад. Тавре ки шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, автобуси №61 аз Терминали Ғарбӣ (Дарвозаи Ҳисор) то Маркази савдои “Ховарон” (7 км) равуо мекунад. “Автобус дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, тариқи кӯчаву хиёбонҳои А.Навоӣ, Карамов, Н.Ганҷавӣ, И.Сомонӣ, Шероз, Шотемур, М.Турсунзода, Н.Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Мастонгулов, Зебуннисо ва […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе аз 22 апрел хатсайри нави автобус ба роҳ монда мешавад. Тавре ки шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, автобуси №61 аз Терминали Ғарбӣ (Дарвозаи Ҳисор) то Маркази савдои “Ховарон” (7 км) равуо мекунад.

“Автобус дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, тариқи кӯчаву хиёбонҳои А.Навоӣ, Карамов, Н.Ганҷавӣ, И.Сомонӣ, Шероз, Шотемур, М.Турсунзода, Н.Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Мастонгулов, Зебуннисо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунад”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 22 апрел дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобуси №41 (Маркази савдои “Кушониён”-Терминали ғарбӣ) тағйирот ворид карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тағйирот дар қисмате, ки тариқи кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт мегузарад, сурат мегирад.

“Акнун ҳаракати автобуси №41 тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, А. Рудакӣ, С. Носирова, Карамов, А. “Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ монда мешавад”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.