Оғози машқҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Русия дар Хатлон

Дар Тоҷикистон машқҳои дуҷонибаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо хизматчиёни ҳарбии маҳаллӣ оғоз шуд. Дар ин бора Вазорати мудофаи Русия хабар медиҳад. “Асоси неруҳои ҳарбии Русияро воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд”, – гуфтаанд дар Вазорат. Дар машқҳо ҷузъу томҳои неруҳои кӯҳгард, тирандозӣ, танкҳо, артиллерия, воҳидҳои иктишофӣ, мутахассисосни ҳифз аз ҳамлаи кимиёвӣ, амнияти […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон машқҳои дуҷонибаи Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо хизматчиёни ҳарбии маҳаллӣ оғоз шуд. Дар ин бора Вазорати мудофаи Русия хабар медиҳад.

“Асоси неруҳои ҳарбии Русияро воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ташкил медиҳанд”, – гуфтаанд дар Вазорат.

Дар машқҳо ҷузъу томҳои неруҳои кӯҳгард, тирандозӣ, танкҳо, артиллерия, воҳидҳои иктишофӣ, мутахассисосни ҳифз аз ҳамлаи кимиёвӣ, амнияти радиоэлектронӣ, гурӯҳи чархболҳо иштирок мекунанд.

Маросими оғози тамринҳо дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” баргузор шуданд. Дар ин маросими сурудҳои миллии ду кишвар садо дода, парчамҳо барафрохта шуданд ва хизматчиёни ҳарбӣ дар гузашти низомӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни машқҳо ташкили истифодаи Қувваҳи мусаллаҳ оид ба нобуд кардани гурӯҳҳои террористӣ, омодагии неруҳо ба иҷрои вазифаҳо дар шароити кӯҳсор мавриди омӯзишу таҷрибаи амалӣ қарор мегиранд.

Ҳамчунин неруҳои ҳарбии Русия ва Тоҷикистон оид ба идоракунии воҳидҳо дар ҳифзи сарҳад ва маҳви нафароне, ки марзро ғайриқонунӣ гузаштаанд, машқҳо баргузор мекунанд.

Машқҳои ҳарбии мазкур аз 15 то 18 апрели соли 2024 баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.