Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа

Генерал-майор Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП), ки 2-юми феврали соли ҷорӣ аз вазифа озод гардида, аввали моҳи апрел роҳбари дастгоҳи ВКД таъин шуд, 16-уми апрел бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фарҳангу маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва фаъолони ҷомеаи ноҳияи Синои пойтахт мулоқот кардааст. Дар ҷараёни вохӯрӣ […]

Asia-Plus

Генерал-майор Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП), ки 2-юми феврали соли ҷорӣ аз вазифа озод гардида, аввали моҳи апрел роҳбари дастгоҳи ВКД таъин шуд, 16-уми апрел бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фарҳангу маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва фаъолони ҷомеаи ноҳияи Синои пойтахт мулоқот кардааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шодӣ Ҳафиззода оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, омезиши фарҳангӣ бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрам фикру андешаҳои худро иброз доштааст.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин, генерал-майор Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, Мансур Бухоризода, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ва Тоҷиддин Саидзода, раиси ноҳияи Сино Ниёз ҳузур доштаанд.

Бояд гуфт, ки ин яке аз аввалин мулоқотҳои Шодӣ Ҳафиззода дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа мебошад. Ба ин вазифа ӯ аввали моҳи ҷорӣ таъин гардид.

Хабари таъини Шодӣ Ҳафиззода ба вазифаи роҳбари дастгоҳи ВКД ду ҳафта пеш расонаӣ гардид, аммо он замон дар ВКД касе инро расман тасдиқ накарда буд.

Шодӣ Ҳафиззода 43-сол дошта, аз соли 2017 то 2-юми феврали соли 2024 дар мақоми сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД фаъолият дошт.

Ӯро яке аз афроди наздик ба вазири корҳои дохилӣ меноманд, ки дар атрофи ӯ ва раёсати зери раҳбарияш дар робита ба боздошту ҳабсҳои пурсарусадо гуфтугузорҳо зиёд буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.