Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд

Як зан дар вилояти Суғд ҳангоми таваллуди фарзанд дар таваллудхонаи вилоятӣ фавтидааст. Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд хабари фавти фарзанд ва кӯдакро тасдиқ карданд, аммо аз пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ карданд. Тибқи иттилои дастрасгардида, ин зан Мадинабону Узоқоваи 41-сола, сокини шаҳри Истаравшан аст, ки барои таваллуди фарзанди сеюми худ ба таваллудхонаи вилоятӣ рафтааст. “Ӯ ҳангоми […]

Як зан дар вилояти Суғд ҳангоми таваллуди фарзанд дар таваллудхонаи вилоятӣ фавтидааст. Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд хабари фавти фарзанд ва кӯдакро тасдиқ карданд, аммо аз пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ карданд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, ин зан Мадинабону Узоқоваи 41-сола, сокини шаҳри Истаравшан аст, ки барои таваллуди фарзанди сеюми худ ба таваллудхонаи вилоятӣ рафтааст.

“Ӯ ҳангоми таваллуд, 12-уми апрел, фавтидааст. Кӯдакашро ҳам наҷот дода нашудааст”, – гуфт як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд.

Аммо ӯ сабаби марги зан ва кӯдаки ӯро шарҳ надод. Дар ин раёсат гуфтанд, ки пас аз тафтишот сабаби марги зану фарзанд маълум карда мешавад.

Пайвандони зани фавтида ҳам дар бораи сабаби марги Мадинабону Узоқова шарҳе надодаанд.

Наим Назриев, раиси деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, зодгоҳи Мадинабону, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади занро 13-уми апрел дар зодгоҳаш ба хъок супоридаанд.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин ҳам номи ин таваллудхона бо сабаби фавти модар ва кӯдак дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Аз ҷумла, соли 2023 дар ин таваллудхона Дилфуза Қаюмова, сокини 38-солаи шаҳри Истаравшан ҳам ҳангоми таваллуд фавтида буд.

Ҳамин сол як сокини 34-солаи ноҳияи Зафаробод ҳам баъди чор ҷарроҳӣ ва 70 рӯзи бистарӣ дар шӯъбаи эҳё, дар ин таваллудхона ҷон бохта буд.

Пештар аз ин дар ин таваллудхона шашгоники таваллудшуда ҳам фавтида буд, ки боиси барканории роҳбар ва муҷозоти чанд корманди он гардида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.