Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд

Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишнома барои сохтмони 53 мактаб дар кишварро бо харҷи 86 млн доллари ИМА қарзи Бонки исломии рушд тасвиб карданд. Ҳамаи ин мактабҳо то соли 2029 сохта ва бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мешаванд.

“Садои мардум”, нашрияи расмии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вакилони мардумӣ дирӯз, 17-уми апрел, дар иҷлосияи навбатии парлумон “Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II)”-ро тасдиқ карданд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи кишвар зимни муррифии лоиҳаи созишнома дар назди вакилон гуфт, лоиҳа “таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва пешбурди имкониятҳои омӯзиш барои ҳама”-ро дар бар мегирад.

“Лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ (59,3 млн. доллар), баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ (16,5 млн. доллар), дастгирии татбиқи лоиҳа (2,57 млн. доллар), хизматрасонии аудити молиявӣ (0,05 млн. доллар) ва қисмати вокуниш ба ҳолати фавқулода иборат мебошад”, – гуфт муовини вазири молия.

Парвина Маликзод, вакили парлумон бо дастгирӣ аз ин созишнома гуфт, арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад ва он аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 миллион доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 миллион доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар он 8 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

“Ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим, ислоҳоти барномаи таълимӣ дар асоси сифати таҳсилот, инчунин, ҷиҳати рушди касбии омӯзгорон дар такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон иборат мебошад”, – гуфт вакили мардумӣ.

Маълум нест, ки ин мактабҳо дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон сохта мешавад.

Ҳар сол дар Тоҷикистон камбуди шадиди мактабҳо, инчунин ҷойҳои нишаст дар мактабҳои амалкунандаи таҳсилоти умумӣ эҳсос мешавад. Дар бисёре аз синфҳо дар як вақт барои 45-60 хонанда дарс гузаронида шуда, аксар вақт дар як мизи дарсӣ се талаба менишинанд. Дар баъзе мактабҳои дигар бошад, дарсҳо дар се баст ба роҳ монда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ё васеъ карда мешаванд, лекин сатҳи таваллуди баланд сохтмони ду баробар зиёди чунин муассисаҳоро тақозо мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илм, имрӯз дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд.

Тибқи ҳисобҳои “Азия-Плюс”, ки ба маълумоти бинокорони муассисаҳои таълимӣ асос ёфтааст, барои сохтмони як мактабб бо 1000 ҷойи нишасти ба ҳаисоби миёна 1,5 млн доллари ИМА зарур аст. Барои 73 ҳазор хонанда – 110 млн доллар ё худ ҳудуди 1 млрд 205 млн 700 ҳазор сомонӣ.

Аз куҷо чунин маблағро пайдо ва сарф кунем, дар мақолаи “Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...