Филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд. Филмбардорӣ кай оғоз мешавад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нусхаи охирини филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Душанбе тасдиқ шуд ва ба зудӣ филмбардорӣ оғоз мегардад. Дар ин бора Файзулло Файзов, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, филм аз ду қисм иборат буда, ҳудуди 4 соат таҳия мешавад.

“Филмнома тасдиқ шуд ва дигар тағйиру иловаҳо ворид намешаванд. Танҳо ҷузъиёти филмбардорӣ, аз ҷумла ҷойҳои филмбардорӣ, сару либос, декаратсия ва ғайра мушаххас гардида истодаанд. Пас аз ин, мо филмбардориро оғоз мекунем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар нақши Ҷомиву Навоӣ киҳо ҳунарнамоӣ мекунанд, тасдиқ нашудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Ҳунарманди нақши Ҷомиро ҷониби Тоҷикистон ва Навоиро ҷониби Ӯзбекистон интихоб мекунанд. Ҳафт нафар дар нақши Ҷомӣ пешниҳод шудаанд, вале касе то ба ҳол тасдиқ нагардидааст”, – афзуд коргардон.

Аммо ӯ аз ҳеқ як ҳунарманди номзад ба нақши асосӣ ном нагирифт.

Интизор меравад, ки то охири тобистон филмбардорӣ оғоз шавад.

Ахиран дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон аз ҷониби гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон филмномаи мазкур мавриди таҳриру таҳлил қарор дода шуд.

Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мувофиқа ва тасдиқ гардид. Зери он протокол директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва муовини директори “Ӯзбекфилм” Шуҳрат Ризоев имзо гузоштанд.

Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...