Сомон Маҳмадбеков ба дарёфти медали биринҷии Чемпионати ҷудои Осиё ноил гардид

Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид. Дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Сомон бар намояндаи Қазоқистон Абулайхан Жубаназар дастболо шуд. Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг аз рӯзи 20 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад. Дар Чемпионати […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид. Дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм Сомон бар намояндаи Қазоқистон Абулайхан Жубаназар дастболо шуд. Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Гонконг аз рӯзи 20 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад.

Дар Чемпионати қора ҳамагӣ 272 варзишгар аз 36 кишвар иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо дар ҳисоби инфиродӣ ва дастаҳои омехта гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати ҷудои Осиё-2024 ғолибони мусобиқа ба 700 имтиёз дар радабандии ҷаҳонӣ, иштирокчии қувваозмоии финалӣ – 490 имтиёз ва дорандагони медалҳои биринҷӣ ҳар кадоме – 350 имтиёз мегиранд.

Федератсияи байнулмилалӣ 9 ҷудокори тоҷикро ба қайд гирифт. Тавре ки IJF хабар медиҳад, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Меҳрзод Сӯфиев (60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Шодмон Ризоев (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Аҳлия Муминова (52 кг) номнавис шуданд.

Аммо на ҳамаи онҳо тавонистанд, ки дар чемпионат қувваозмоӣ кунанд. Бар асари ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Дубай, ҷудокорон Меҳрзод Сӯфиев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муминова дар чемпионат иштирок карда натавонистанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа Обид Ҷебов дар даври аввал намояндаи Туркманистон Сардор Раҳимовро мағлуб карда, дар қувваозиоии дуюм аз намояндаи Ҷопон Хинсей Шаттори шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.