Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд

Asia-Plus

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе чанде пеш ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд.

“Дар бораи ин ҳодиса соати 14:46 дақиқаи рӯзи 23 апрел аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Кумита хабар додаанд. Ғаввосон (водолазҳо) ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ҷавонро берун оварданд ва ба ихтиёри кормандони милитсия супурданд”, – хабар медиҳад КҲФ-и ҷумҳурӣ.

Шахси ғарқшуда сокини 21-солаи деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон будааст.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд”, – хабар доданд аз Кумита.

Ёдрас мекунем, ки тайи рӯзҳои ахир КҲФ дар бораи якчанд ҳодисаҳои фоҷеабор дар обҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла, рӯзҳои 20-21 апрел кӯдаки 2-солаи ноҳияи Шаҳртӯс, сокини 17-солаи шаҳраки Ғарм, ноболиғи 6-солаи деҳаи Гулободи ноҳияи Шаҳринав, духтари 10-солаи деҳаи Шулуми шаҳри Турсунзода ва зани 60-солаи сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз волидон дархост мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои рафтор дар обанборҳоро риоя намоянд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 июн оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...