“Болои сӯхта – намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст

Умриузоқ Абдураҳмонов, ятими кулл ва маъюби модарзод, ки барои табобаташ маблағ ҷамъ овард, пас аз ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Туркия барои табобат ба ин кишвар сафар карда наметавонад ва кунун ба мушкили гирифтани раводид банд мондааст.   16 сол пеш дар ИМА табобат гирифта буд Умриузоқ Абдураҳмонов ҷавони 26-сола аст ва аз […]

Умриузоқ Абдураҳмонов, ятими кулл ва маъюби модарзод, ки барои табобаташ маблағ ҷамъ овард, пас аз ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Туркия барои табобат ба ин кишвар сафар карда наметавонад ва кунун ба мушкили гирифтани раводид банд мондааст.

 

16 сол пеш дар ИМА табобат гирифта буд

Умриузоқ Абдураҳмонов ҷавони 26-сола аст ва аз 6-солагӣ дар хонаи пиронсолон ба воя расидааст. Ин ҷавон ятими кул буда, модарзодӣ пешобдон надорад.

Ӯ соли 2008, замони дар хонаи пиронсолони Деҳмой буданаш, бо кумаки намояндагони ташкилоти “Рангинкамон” дар Олмон марҳилаи якуми ҷарроҳияшро бо маблағи гарон гузаронидааст.

Аммо барои шифоёбияш (халтачаи тиббӣ барои пешоб дар беруни баданаш аст) бояд марҳилаи дуюми табобатро гирад. Барои табобати ӯ маблағи хайриявӣ ҷамъоварӣ шуд.

Перомуни бемории ӯ “Азия-Плюс” хабар дода буд ва то имрӯз ба Умриузоқ мардуми хайрхоҳ 90 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд. Арзиши марҳилаи дуюми табобаташ 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Абдураҳмонов гуфт, 2 саховатпеша ваъда додаанд, ки боқимонда маблағро пардохт мекунанд.

 

Вақт ва маблағи зиёд лозим шудааст

Абдураҳмонов акнун мехост, барои табобат ба Туркия равад, аммо аз 20-уми апрели соли 2024 барои ба ин кишвар рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ шуд ва ин садди роҳи табобати ӯ гардидааст.

“Дар Туркия бояд марҳилаи дуюми ҷарроҳии ман гузарад. Агар аз як тараф камбуди маблағ мушкил бошад, ҷорӣ шудани “виза” барои сафар ба Туркия  “болои сӯхта намакоб аст”. Акнун боз маблағи бештар ва вақти зиёдтар лозим меояд, ки барои ман тоқатфарсо аст”, – афзуд Умриузоқ.

Ҳоло хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд барои дарёфт кардани раводид ба Туркия ҳуҷҷат омода кардааст ва ин раванд муддате тӯл мекашад. Ва маълум нест, ки ба Умриузоқ кай раводид медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Умриузоқ Абдураҳмонов зодаи ноҳияи Зафаробод буда, падараш бо иллати маъюб буданаш аз ӯ даст кашидааст. Модар ҳам баъди сесолагияш дубора шавҳар кардааст. Аз рӯйи нақли Умриузоқ, дар сесолагӣ модараш ӯро ба дасти бибии падарӣ месупорад. Бибияш бошад, то 6-солагӣ нигоҳубин карда, билохир ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов супоридааст. Инак 20 сол боз Умриузоқ Абдураҳмонов бо кӯҳансолон дар як макон зиндагӣ карда, ба қавле “дар кӯдакӣ пир шудааст”. Саргузашти ӯро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.