Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе чанде пеш ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд. “Дар бораи ин ҳодиса соати 14:46 дақиқаи рӯзи 23 апрел аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Кумита хабар додаанд. Ғаввосон (водолазҳо) ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ҷавонро берун оварданд ва […]

Наҷотдиҳандагони гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе чанде пеш ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд.

“Дар бораи ин ҳодиса соати 14:46 дақиқаи рӯзи 23 апрел аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Кумита хабар додаанд. Ғаввосон (водолазҳо) ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ҷавонро берун оварданд ва ба ихтиёри кормандони милитсия супурданд”, – хабар медиҳад КҲФ-и ҷумҳурӣ.

Шахси ғарқшуда сокини 21-солаи деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон будааст.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд”, – хабар доданд аз Кумита.

Ёдрас мекунем, ки тайи рӯзҳои ахир КҲФ дар бораи якчанд ҳодисаҳои фоҷеабор дар обҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хабар дод.

Аз ҷумла, рӯзҳои 20-21 апрел кӯдаки 2-солаи ноҳияи Шаҳртӯс, сокини 17-солаи шаҳраки Ғарм, ноболиғи 6-солаи деҳаи Гулободи ноҳияи Шаҳринав, духтари 10-солаи деҳаи Шулуми шаҳри Турсунзода ва зани 60-солаи сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ғарқ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз волидон дархост мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои рафтор дар обанборҳоро риоя намоянд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 июн оғоз мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.