Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд

Хонаи аксар мансабдорони ҳукумати пешини Афғонистон, ки ҳамакнун аз мухолифони Толибон* ба ҳисоб мераванд, дар Кобул аз сӯи ҳукумати сарпарасти ин гурӯҳ ишғол ва нафарони дар он манзилҳо зиндагидошта боздошт шудаанд. Аз ҷумла, хонаи дар Кобул доштаи Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз сӯйи Толибон ишғол шудааст. Ду корманди Сафорати Афғонистон дар […]

Хонаи аксар мансабдорони ҳукумати пешини Афғонистон, ки ҳамакнун аз мухолифони Толибон* ба ҳисоб мераванд, дар Кобул аз сӯи ҳукумати сарпарасти ин гурӯҳ ишғол ва нафарони дар он манзилҳо зиндагидошта боздошт шудаанд. Аз ҷумла, хонаи дар Кобул доштаи Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз сӯйи Толибон ишғол шудааст.

Ду корманди Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ин иттилоъро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Ин хабарро Толибон расман шарҳ надодаанд.

Ба иттилои кормандони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, хонаи Зоҳири Ағбар дар маркази шаҳри Кобул қарор дошта, баъди аз сӯи Толибон ғасб шудани ҳокимият дар Афғонистон, беш аз ду сол инҷониб дар он як корманди ҳукумати пешин зиндагӣ мекардааст.

“Хонаи ҷаноби сафир чанд рӯз пеш аз сӯи ҳукумати сарпарасти Толибон ишғол шуд. Нафаре, ки дар он манзил умр ба сар мебурд, боздошт гардид ва ҳоло аз сарнавишти ӯ иттилое нест”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Корманди Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ишғоли хонаи сафирро ба изҳороти тунди ӯ алайҳи Толибон рабт медиҳанд ва мегӯянд, “то кунун Толибон чунин изҳоротро бардошт мекарданд, вале кунун бо ин амалкард мехоҳанд вокуниш нишон бидиҳанд”.

Худи Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар саҳифааш дар Х (собиқ Твиттер) аз ин амалкарди Толибон сахт интиқод кардааст.

“Толибон бо туфангу қиёфаҳои зишт ба манзили банда ҳамла карда, бо хушунату ваҳшати бисёр бо иҷоранишин бархӯрд карда, хонаро тахлия карда ва дар ихтиёри туфангдорони аморат қарор додаанд”, – гуфтааст сафир.

Ӯ афзудааст, “Толибонро аз корашон мешиносанд, на аз гуфторашон, зеро Толибон аз замони ба қудрат расиданашон иддаои истиқрори амният ва авфи умумӣ доштанд, аммо борҳо бо амалкардашон нишон доданд, ки бо гуфтору иддаояшон созгор нестанд ва амалҳои имрӯзашон низ намунаи нақзи даъвои онҳост”.

Бояд гуфт, ки ин нахустин амалкарди гурӯҳи Толибон алайҳи сафири пешини Афғонистон дар Тоҷикистон нест. Моҳи июни соли гузашта ҳам хонаи падарии Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар вилояти Панҷшер ба коми оташ рафта буд.

Он замон Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, “Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро сӯзондан мумкин аст, аммо рӯҳи муқовимат бо зулм ва терроризм пойдор мемонад”.

“Рӯҳияи муқовимат алайҳи зулм ва террори Толибон тағйирнопазир аст”, – таъкид мекард сафир.

Манбаи мо дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон илова кард, ки тайи чанд муддати охир хонаи аксар мухолифини Толибон дар Кобул аз сӯи ҳукумати сарпарасти Толибон ишғол шудааст. Аз ҷумла, хонаи маршал Абдулрашид Дӯстум, собиқ муовини раисҷумҳури Афғонистон ва раиси Ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон низ тасарруф шудааст.

Қаблан хонаи чеҳраҳои шинохтаи ҳукумати пешин дар минтақаҳои дигар кишвар низ аз сӯйи Толибон ишғол шуда буд.

Ҳамчунин, Толибон чанде пеш Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби Исломии Афғонистонро аз хонае, ки ҳукумати пешини Афғонистон бар асоси созишномаи сулҳ ба ӯ дода буд, хориҷ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон моҳи августи соли 2021 қудрат дар Афғонистонро соҳиб шуданд ва ҳукумати сарпарасти худро ташкил карданд, аммо то ҳол аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудаанд, ҳарчанд кишварҳои алоҳида бо онҳо ҳамкориҳо доранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон мехоҳад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил диҳад ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад. Толибон ин ҳам талабҳоро нодида мегиранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.