Толибон Гулбиддин Ҳикматёрро аз хонааш маҳрум кардаанд

Толибон* Гулбиддин Ҳикматёрро аз хонае, ки ҳукумати пешини Афғонистон бар асоси созишномаи сулҳ ба ӯ дода буд, ихроҷ кардаанд. Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст, вале писараш Ҳабибурраҳмон аз ин рафтори Толибон интиқод карда, онро нангин хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” медиҳад.” Абдулҳаким Шаръӣ, иҷрокунандаи вазири адлияи […]

Толибон* Гулбиддин Ҳикматёрро аз хонае, ки ҳукумати пешини Афғонистон бар асоси созишномаи сулҳ ба ӯ дода буд, ихроҷ кардаанд. Раҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст, вале писараш Ҳабибурраҳмон аз ин рафтори Толибон интиқод карда, онро нангин хондааст. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” медиҳад.”

Абдулҳаким Шаръӣ, иҷрокунандаи вазири адлияи Толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба Ҳикматёр ҳафтаҳо ва моҳҳо муҳлат дод, то хонаашро холӣ кунад ва бо вуҷуде, ки барои ӯ хона пайдо кард, ӯ хонаро холӣ накард.

Ин мақоми Толибон интиқоди ҷонибдорони Ҳизби исломиро барои беэҳтиромӣ ба раҳбари ин ҳизб рад карда, онҳоро ба “беақлӣ ва бефаҳмӣ” муттаҳам кард. Абдулҳаким Шаръӣ гуфтааст, “ҳоло шумо инро эҳтиром медонед ё беэҳтиромӣ?  Агар шумо инро беэҳтиромӣ меҳисобед, пас шумо эҳтиромро намефаҳмед ва ақлатон кор намекунад”.

Ӯ таъкид кардааст, ки Ҳикматёр аз номи ҳизбаш мавқеъ мегирад, аммо ин ҳизб дар режими Толибон заминаи ҳуқуқӣ надорад.

Ин мақоми Толибон ба Ҳикматёр гуфтааст, ки “Раёсати ҳизбҳо дар Вазорати адлия соли гузашта лағв шуд. Аз нигоҳи қонунӣ ҳизбҳо дар ин низом ҷой надоранд. Гирифтани номи ҳизбҳо ё гирифтани номи ҳизб аз рӯи қонун ҷиноят аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷангу ҷиҳоди ин кишвар аст. Ӯ, ки пас аз чандин соли фирор аз Афғонистон, дар пайи як созиш бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ, президенти фирории ин кишвар, ба Кобул омадаву зиндагӣ ихтиёр кардааст, аз аксари иқдомоти Толибон ба ҳар навъе ҷонибдорӣ мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.