Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дирӯз, 23-юми апрел, дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” ба таври расмӣ “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” оғоз шуд, ки он то 27-уми апрел идома мекунад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба соҳибкории иҷтимоӣ аст.

Дар чорабинӣ Хуршеда Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Тим Ҷонс, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, Амирбек Саидбеков, роҳбари барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд.

Дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ дар давоми панҷ рӯз ҷонибҳои манфиатдор аз ҷумла, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, соҳибкорон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  бо истифода аз семинар, лексияҳои оммавӣ, барномаҳои телевизионӣ, муколама ва баргузории конфронс метавонанд имкониятҳо ва монеаҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Дар навбати худ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд, имкон пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳо ва маҳсулоти худро ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ муаррифӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кишвар дар робита ба соҳибкории иҷтимоӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” омода шудаааст ва ба иттилои вакилони парлумон он эҳтимол охири соли равон қабул ва заминаи қонунӣ дар ин самт шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...