Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон

Дирӯз, 23-юми апрел, дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” ба таври расмӣ “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” оғоз шуд, ки он то 27-уми апрел идома мекунад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба соҳибкории иҷтимоӣ аст. Дар чорабинӣ Хуршеда Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Тим Ҷонс, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар […]

Дирӯз, 23-юми апрел, дар қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр” ба таври расмӣ “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” оғоз шуд, ки он то 27-уми апрел идома мекунад. Ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ оид ба соҳибкории иҷтимоӣ аст.

Дар чорабинӣ Хуршеда Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Тим Ҷонс, сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, Амирбек Саидбеков, роҳбари барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд.

Дар доираи ҳафтаи соҳибкорӣ дар давоми панҷ рӯз ҷонибҳои манфиатдор аз ҷумла, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, соҳибкорон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  бо истифода аз семинар, лексияҳои оммавӣ, барномаҳои телевизионӣ, муколама ва баргузории конфронс метавонанд имкониятҳо ва монеаҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Дар навбати худ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд, имкон пайдо мекунанд, ки лоиҳаҳо ва маҳсулоти худро ба сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ муаррифӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар кишвар дар робита ба соҳибкории иҷтимоӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” омода шудаааст ва ба иттилои вакилони парлумон он эҳтимол охири соли равон қабул ва заминаи қонунӣ дар ин самт шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.