Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Исроил таҳдид кард, ки дар сурати содир шудани ҳар гуна таҷовуз алайҳи хоки Эрон, ин кишварро ба хок яксон мекунад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ медиҳад. Иброҳим Раисӣ дар дидор бо бузургони Панҷоб дар Покистон гуфт, “агар Исроил бори дигар дар ҳамла ба хоки муқаддаси Эрон хато кунад, […]

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Исроил таҳдид кард, ки дар сурати содир шудани ҳар гуна таҷовуз алайҳи хоки Эрон, ин кишварро ба хок яксон мекунад. Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ медиҳад.

Иброҳим Раисӣ дар дидор бо бузургони Панҷоб дар Покистон гуфт, “агар Исроил бори дигар дар ҳамла ба хоки муқаддаси Эрон хато кунад, вазъ дигар мешавад ва маълум нест, ки аз ин режим чизе боқӣ хоҳад монд ё на”.

Ӯ афзуд, ки Эрон дар авоили моҳи апрел Исроилро бо зарбаи мушакӣ “барои ҳамлаи бемаънӣ” ба бинои консулгарии Эрон дар Сурия “муҷозот” кард.

Бояд гуфт, ки шаби 14-уми апрел Эрон ҳудуди 300 мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба сӯи Исроил партоб кард. Ин ҳамла посух ба ҳамла ба консулгарии Эрон дар Димишқ буд, ки дар он панҷ сарбози эронӣ кушта шуданд.

Ғайр аз ин Эрон гуфт, ки дар ҳамлаи дигар бо “қувваи бештар” зарба мезанад.

Рӯзи 19 апрел расонаҳо аз ҳамлаи Исроил ба Эрон хабар доданд, аммо мақомоти Эрон танҳо дар бораи амалиёти системаҳои дифои ҳавоӣ дар Исфаҳон хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.